РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои волотарин дар таърихи навин ба ҳисоб меравад, ки баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ як қатор падидаҳое рӯи кор омаданд, ки заминаи ҳуқуқии онҳо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардид.

 

Падидаи хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар падидаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар шароити имрўз пурра мукаммал ёфта, вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад.

 

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки ин ислоҳот дар ҳаёти сиёсӣ-ҳуқуқии ҷамъият хусусан, дар низоми хизмати давлатӣ нақши муҳимро иҷро намуд.

 

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихии давлатдории миллати тоҷик дубора эҳё гардида, дар меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким гардидаанд.

 

Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, ки он вақт Раиси ҳамонвақтаи Шўрои Олии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз доштанд, ки “асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

 

Дар асоси муқаррароти қисми 2 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ кафолат дода мешавад. Муқаррароти мазкур бори аввал дар сатҳи қонуни асосии кишвар баробарҳуқуқии шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ пешбинӣ намуд. Дар шароити умумии баробар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ роҳ додани шаҳрвандон ин яке аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол буда, аз моҳияти демократию ҳуқуқбунёдии кишварамон шаҳодат медиҳад.

 

Ҳанӯз дар оғози ташаккулёбии хизмати давлатии муосири Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин зуҳуроти муҳими давлату давлатдорӣ дахл намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки: “Яке аз муҳимтарин масъалаҳои рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбияшон, интихоби кадрҳои боистеъдод ва ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарҷи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда даст занад ва дар ин самт тартиботро ҷорӣ намояд”.

 

Ин таваҷҷуҳ ва дастури сарвари давлат роҳнамои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ буда, таконе барои тарбияи хизматчии давлатии соҳибкасб гардид.

Дар заминаи меъёри конститутсионӣ 13 ноябри соли 1998 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони навин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбӣ ва фаъолияти хизмати давлатиро ҳамчун институти махсуси давлатию ҳуқуқӣ поягузорӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он замина гузошт.

 

Аммо таҷриба нишон дод, ки баъзе ҷанбаҳои ин падидаи мураккаби иҷтимоию ҳуқуқӣ аз танзими қонун берун мондааст. Аз ин рӯ, 5 марти соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар таҳрири нав қабул гардид, ки заминаи воқеии ислоҳоти хизмати давлатиро муҳайё кард.

 

Хизмати давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, вогузор карда мешавад. Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.

 

Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад. Дар ба роҳ мондани соҳаи хизмати давлатии мамлакат ҳам анъанаю таҷрибаи давлатдории ниёгон ва ҳам таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ истифода гардидааст.

 

Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи давлатсозию давлатдорӣ, низоми намунавии идораи давлатӣ, бунёду рушди шаҳрсозӣ, ташаккули арзишҳои умумибашарӣ, эҷодкорию риояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дастовардҳои беназире мебошанд, ки инсоният онҳоро минбаъд такмил дода, то имрӯз ҳифз кардааст.

 

Фаридун ИСМАТУЛЛОЗОДА,

сардори шуъбаи магистратураи Академия

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий