РУШДИ ДУШАНБЕ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

ПРЕМИЯ

Шаҳри Душанбе – пойтахти кишвари азизамон рӯз ба рӯз зеботару ободтар мегардад. Хусусан, мо дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунёди иншооти маишӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, боғҳои ҳамешасабз ва амсоли ин дигаргуниҳои рӯзафзун ва куллиро метавонем мушоҳида кунем.

 

Пойтахти маҳбубамон дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025”, нақшаи генералӣ, барномаи рушди устувори шаҳрҳо, ки аз тарафи СММ таҳия шудааст ва дигар хуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ рушд карда истодааст.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳрӣ, хизматрасонӣ, дастгирии соҳибокории хурду миёна, бахусус сохибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин, дарёфти манбаъҳои нави сармоягузорӣ, андозу пардохтҳо, рушди фарҳангу иҷтимоъ ва чорабиниҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд.

 

Тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии “Турстат” – и Федератсияи Русия, Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нави мелодии 2020 арзёбӣ гардид.

 

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар пойтахти азизамон маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ то ин замон ба 15,6 миллиард сомонӣ баробар шуда, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 19 дарсадро ташкил мекунад. Рушди нишондиҳандаҳои зикршуда, асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, гардиши савдо, хизматрасонии пулакӣ ва боркашонӣ таъмин гардидааст.

 

Ҳамин аст, ки танҳо соли 2020 аз ҷониби 483 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, тавлиди неруи барқ, қоғаз ва коркарди чӯбу тахта афзоиш ёфтааст.

 

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри маҳбубамон бо гармӣ таъмин гардиданд. Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Истеҳсоли гармӣ дар соли гузашта ба 1,2 миллион Гкал баробар гашт, ки 57,4 миллион сомониро ташкил мекунад.

 

Барои сарбаландона гузарондани 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун иншоотҳои азим бо маром ба нақша гирифта шуда, ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6140 ҷой, 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6520 ҷой идома доранд. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорон корҳои лоиҳакашии 7 муассисаи таълимӣ барои 5792 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидаанд.

 

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида, дар доираи он 4145 чорабиниҳои сатҳи гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин нақша то ҳол 3516 иншоот таъмиру навсозӣ гардид, ки 85 дарсади нақшаро ташкил мекунад.

 

Дар пойтахти азизамон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди 7 меҳмонхонаи нав санги асос гузоштанд.

 

Имрӯзҳо барои ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқат кардани пойтахт тамоми инфрасохтори шаҳр мавриди азнавзосӣ қарор гирифтаанд. Танҳо соли 2020 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19 километр, бо маблағи 259,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, 1 иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 киллометр ва сохтмони 27 истгоҳи нақлиётии замонавӣ мебошад.

 

Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умумии автомобилӣ дар 83 хатсайри мусофирбари ҷамъиятӣ, хизмат мерасонад. Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ, 4940 воситаи нақлиёти истифодаи умумии мусофирбар, аз он 633 мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 2750 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд. Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 340 автобус, 60 троллейбус, 1180 микроавтобуси бахши хусусӣ ва 1550 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ сафарбар мешаванд.

 

Дар шаҳри Душанбе 42506 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 7312 шахсӣ – ҳуқуқӣ ва 34903 соҳибкор – инфиродиро ташкил медиҳад.

 

Бо мақсади ҷоннок намудани кор дар самти таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ин давра як қатор корҳо мавриди амал карор гирифтанд. Ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 155 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра, дар пойтахт 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 29 корхона ба маблағи 52,7 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи 101,9 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст.

 

Дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шарофати хизматҳо ва ташаббусҳои Раиси пойтахти азизамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин дастгириҳои бевоситаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои маъмурии шаҳри Душанбе дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, фестивалҳо, консертҳо, намоишгоҳҳо, намоишҳои театрӣ, намоиши филмҳои бадеӣ ва сохтани объектҳои меъмории фарҳангӣ Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Шаҳодатномаро оид ба эълони Душанбе “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” -ро супорид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд, ки: “Пойтахт симо ва оинаи давлату миллат буда, рафъи камбудиву мушкилоти мавҷуда ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он вазифаи на фақат мақомоти шаҳр, балки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад”. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон дар оянда боз ҳам шукуфонтар ва гуворотару зеботар мегардад.

 

 

Сомон ИСМАТЗОДА,

ноиби ректор оид ба робитаҳои

байналмилалии Академия

Похожие записи