САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ САЙЁҲИИ МАМЛАКАТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар замони муосир сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тараққикарда табдил ёфта истодааст. Албатта тараққиёти сайёҳӣ ба баланд будани сатҳи ҳаёти иҷтимоӣ вобаста аст. Сайёҳи дар тиҷорати байналмилалӣ дар қатори саноати нефт ва автомобилбарорӣ ба ҷойи 3-юм баромадааст. Бештар ин соҳаҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар давлатҳои Аврупо ташаккул ёфтааст, зеро зиёда аз 60% миқдори сайёҳон ва 50% воридоти асъорӣ ба ҳамин минтақа рост меояд.
Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар самти рушди сайёҳӣ хусусан туризми байналмилалӣ барои шаҳрвандони хориҷа шароитҳои хуб муҳайё карда истодааст. Дар замони муосир яке аз соҳаҳои афзалиятноки сайёҳӣ ин туризми рекреатсионӣ (истироҳатӣ) мебошад, ки бештар ба хусусияти кӯҳӣ доштани релефи нотакрори кишварамон вобастааст. Қариб 93%- и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол менамоянд ва ин сарзамин аз захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионӣ (истироҳатӣ) бой мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии ҷумҳурӣ шинохтааст. Аз ин лиҳоз ташкили минтақаҳои сайёҳи яке аз қисматҳои асосии рушди сайёҳӣ ва махсусан туризми рекреатсионӣ (истироҳатӣ) мебошад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор консепасия ва барномаҳо амал карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сайёҳию рекреатсионӣ (истироҳатӣ) мебошад. Аз ҷумла барои сайёҳон, кӯҳнвардон, лижаронии кӯҳӣ зиёда аз даҳҳо кӯҳҳо, қаторкӯҳҳо, обҳои гарм ва хунуки маъданӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ мавҷуданд, ки ҳавасмандии аҳли ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохтаанд. Аз ҷумла, қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш, Дарвоз, Пётри 1, Академияи фанҳо, Язғулом, Рушон, Шуғнон, Ишкошим, Шохдара ва Чилдухтарон асосан барои ташкили ҳудудии сайёҳони байналхалқӣ ҷои намоёнро ишғол менамоянд. Ба ин объектҳои сайёҳию истироҳатӣ такя намуда, ба ҷойҳои таърихию табиӣ сафар кардани сайёҳон якчанд роҳҳои сайёҳӣ ташкил шуда буд: базаи сайёҳии Варзоб, атрофи шаҳри Душанбе, баҳри тоҷик, шаҳри Хуҷанд, кӯлҳои Марғузор, Искандаркул, Ҳафткул, Саразм, Балҷувон, Сари Хосор, Ховалинг, Такоб ва Сафедара. Солҳои охир дар масоҳати ҷумҳурӣ ҳазорҳо мавзеъҳои сайёҳию рекреатсионӣ (истеҳсолӣ) таҳқиқ карда шудаанд, ки бо шароитҳои хоси худ аз якдигар фарқ мекунанд, ки масоҳати онҳо ҳазорҳо гектарро дар бар мегирад ва онҳо барои истироҳат, солимгардонии бадан ва фаъолияти сайёҳони хориҷӣ шароитҳои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ фароҳам оварда шудааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолият ва ба муносибатҳои бозоргонӣ гузаштани иқтисодиёти Тоҷикистон, соҳаи сайёҳии кишвар ба таври зарурӣ равнақу ривоҷ ёфта истодааст, ки он дар соҳаҳаои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва ҳамчунин қоидаҳои ягонаи фаъолияти сайёҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон захираҳои сайёҳӣ аз қабили чашмаҳои шифобахш, табияти зебои нотакрор, қулаҳои баланди кӯҳӣ, таърихи кӯҳани тоҷик, ёдгориҳоии таббиию таърихӣ, фарҳанги ғанӣ ва расму оини миллӣ мавҷуд мебошанд, ки барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имкон медиҳанд.
Дар Паёми худ Пешвои миллат ки санаи 23 декабри соли 2022 баргузор гардид, қайд карданд: “Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.
Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.”
Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст.
Айниддин ДАВЛАТЗОДА,
корманди Академия