ҶАШНИ НАВРӮЗ АСТ, ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК…

photo_2023-03-09_15-06-40

Наврӯз бо тору пуди таърихи мо, ҳаёти халқи мо, бо адабу фарҳангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру ҷаҳонбинии халқи мо пайванди ногусастанӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми форсизабон буда, баъдан дар шарқи мусалмонӣ низ бо суннатҳои мухталиф идома кардааст. Аввалин сарчашмаҳое, ки роҷеъ ба таҷлили Наврӯз маълумот додаанд, осори аҳди паҳлавӣ “Бундаҳишн” ва “Динкард” маҳсуб мешаванд. Аз ахбори осори зикршуда возеҳ мегардад, ки Наврӯз оғози офариниш буда, пас аз он ба мардум роҳату осоиш насиб гардидаву умеди оромиш дар вуҷудашон маншаъ мегирифтааст. Бузургмардони илму адаби мо-Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” ва Ҳаким Умари Хайём дар “Наврӯзнома” роҷеъ ба паҳлуҳои илмию фарҳангии ин оини муқаддас ибрози ақида кардаанд, ки бештари тадқиқотчиён зимни омӯзишу баррасии мавзӯи мавриди назар ба онҳо такя намудаву афкору ақоиди хешро баён кардаанд. Аз ин лиҳоз, мо такрори онҳоро ин ҷо ҷоиз намедонем.

Роҷеъ ба таърихи пайдоиш, равнақу ривоҷ, вусъату густариши ҷашни Наврӯз силсилаи осори пурарзиши илмӣ, китобу рисолаҳо ва мақолоти мухталиф таълиф шудаанд. Доир ба арзиши илмию бадеии наврӯзномаҳо муҳаққиқи эронӣ Ҳабибуллоҳи Иброҳимӣ бар ин ақида аст, ки: “Наврӯзномаҳо бо ташреҳи боварҳо ва ойинҳои марбут ба Наврӯз, тадовуми кистӣ ва тааллуқи мо дар партави гуфтумонҳои роиҷ дар ҳар аҳди таърихиро бозтоб медиҳанд. Аҳамияти Наврӯзномаҳо дар он аст, ки ба истиноди онҳо метавон пай бурд, ки чӣ гуна шакли Наврӯз дар ҳама давраи таърихӣ муҳтавои мутафовит ёфтааст”.

Ҳақ ба ҷониби адабиётшинос Нуралӣ Нурзод аст, ки менигорад: “Дар дарозои таърихи беш аз шашҳазорсолаи ҳузури худ ин ҷашни муборак бархӯрдҳои фаровонеро бо ҷабрҳои сангини таърих таҷриба кардаву дар ин тасодуму тасодуфҳои бешумор чизҳоеро аз худ бохтаву васоилеро бар тамаддуни ақвоми дигар ба унвони арзишҳои инсонсозиву инсонофаринӣ афзудаву гоҳи дигар ба унвони намоди муколамаи фарҳангҳо ва омили таҳкими ваҳдати башарият суннатҳоеро бар худ вогирифта”. Маврид ба тазаккур аст, ки маҳз ҳамин гуна рӯйкарди муносибати таърихӣ бо миллату халқиятҳо ва чунин муносибату мубодилаҳо будааст, ки имрӯз ҷаҳон ин ҷашни бузурги бостонии мардуми форсизабонро ба ҳайси фазилати беназири таърихию тамаддуни башарӣ пазируфтааст. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаи имрӯз Наврӯз мутааллиқ ба замону макон ва миллияту халқият нест, балки Наврӯз муҳимтарин унсур ва рукни тамаддуни ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Одоби густурдани хони наврӯзӣ ба ҷаҳоншиносии динии мардуми аҳди бостон иртибот дошт. Онҳо дар миёни хон ҳафт син ва ҳафт чинро мегузоштанд, ки он бояд ба тартиби ҳафт амшоспандон ҷой мегирифт. Ҳафт чин иборат аз ҳафт навъ тухми навруста, амсоли гандуму ҷав, наску нахӯд ва монанди ин буд, ки рӯйи табақаҳои ҷудогона болои дастурхони наврӯзӣ ба умеди фаровонҳосилӣ гузошта мешуд. Дар баробари ин ҳафт анвои мева, ширинӣ ва хӯрданӣ ҳафт шини дигар меоростанд. Дар рӯ ба рӯйи хон оташ афрӯхта, чароғе фурӯзон мекарданд ва гулдоне пур аз гулҳои сурх ва шохаҳои пургули анвои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, инчунин китоби “Авасто”-ро мегузоштанд. Бино ба ривояти дигар, пас аз ривоҷи ислом ҳафт шинро бо ҳафт син иваз карданд, бо иллати он ки яке аз анвои ҳафтгонаи шин шароб ё шарбати вижаи оромибахшанда маҳсуб мешуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар наврӯзномаҳои асримиёнагӣ чанд суннату маросимҳое зикр шудаанд, ки бо нуфуз пайдо кардани фарҳанги исломӣ мазмуни тоза пайдо кардаанд, яъне маросимҳои миллиро бо пероҳани мазҳабӣ зиннат бахшидаанд. Аз ҷумла, дар “Наврӯзномаи Султонӣ”-и Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадризои Розӣ, ки дар баёни сураи Ёсин хондан бар анор ва “мутаориф ва машҳур” будани ин амал чунин баён гаштааст: “Чун рӯзи Наврӯз бошад, чиҳилу як навбат Ёсин бар анорҳо хонанд ва бояд ки андаке пеш аз таҳвил бихонанд. Ва чун сол бигардад, он анорро пӯст бикананд ва тановул кунанд. Ва чун ин амал карда бошанд, ба адади ҳар дона аз анор маразе аз хӯрдани он анор дафъ шавад, то соли дигар аз ҷамеи офот дар ҳифзу амони Ҳақ таъоло буда бошад аз баракати сураи Ёсин”. Ба гумони ғолиб, корбурди ин маънӣ нахуст дар ашъори Соиби Табрезӣ ба чашм мерасад, ки чунин аст:

Гардиши сол аст, май дар соғари ишрат кунед,

Гӯши миноро тиҳӣ аз пунбаи ғафлат кунед.

Сураи “Ёсин” чӣ мехонед чил навбат ба нор,

Норпистоне ба даст ореду сад ишрат кунед.

Офтоб имрӯз дар бурҷи шараф по мениҳад,

Даст пеш ореду бо ҷому сабӯ байъат кунед.

Дар ғазали фавқ мисраи “Офтоб имрӯз дар бурҷи шараф по мениҳад”, яъне ибораи “бурҷи шараф” дар воқеъ, исми замони хоссе аст, ки мутобиқ бо нуздаҳуми фарвардинмоҳи сол аст ва ишора ба маънии будани хуршед дар нуздаҳум дараҷаи бурҷи ҳамал аст, ки абёти зайл шавоҳиди ин гуфтаҳоянд:

Анварӣ:

Ба вақти он ки ба бурҷи шараф расад хуршед,

Ба гоҳи он ки ба саҳро кашад сабо лашкар.

Низомӣ:

Дар он вақт офтоб андар шараф буд,

Пур аз марҷон замин ҳамчун садаф буд.

Сӯзанӣ:

Шарафи шамс то бувад ба ҳамал,

Хонаи мо то ки саратон аст.

Ё ин ки:

Хуршедро ба бурҷи ҳамал чун бувад шараф,

Онро шараф зиёдат аз он дон ҳазор бор.

Маънии чиҳилу як навбат Ёсин бар анорҳо хондан дар адабиёти муосир, махсусан дар ашъори Фарзона борҳо ифода ёфтааст: “…Ҳафт синӣ ва ё ки чил Ёсин, Иди наврӯзу уди наврӯзӣ. Шоир дар байти зер орзу мекунад, ки он анореро, ки баракоту шифобахшии он ба маротиб бештар аз анори ёсинхондаи худи инсон аст, дар арафаи Наврӯз барояш ҳадя созанд:

Зи тоқи мино, зи боғи боло,

Маро фиристон анори Ёсин.

Адабиёт ойинаи тамомнамои фарҳанг ва андешаи як миллат аст, бад-ин мафҳум, ки он чи одамӣ меандешад ва он чи ба сурати рафтори хос аз андеша сар мезанад, дар адабиёт намоён мегардад. Ҳамин аст, ки дар дарозои таърих адабиёт инъикоскунандаи анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва динию мазҳабӣ мебошад. Ҳофизаи адабиёт барои инсоният бозгӯ аз улгӯҳоест, ки дар раванди зиндагиаш ниёз ба онҳо дорад ва ҳамеша инсон кӯшо аст, ки барои пасояндагонаш дар баробари анъаноти неки аз ниёкон боқимонда боз осори омӯзандаро ба ёдгор гузорад. Дар баробари ин ҳама, адабиёт ба сифати шакли шуури ҷамъиятӣ ва дар маҷмуъ, як шеваи муассири фарҳангофарӣ ва беҳтарин ифшогари эҳсосоту авотиф, орзуву омол ва андешаву фикрати инсоният дар таърихи ҳастии башарият ба шумор меравад. Ба андешаи муҳаққиқ Нозим Нурзода “адабиёт дар партави фарҳанг бо ҷомеа наздик мешавад ва ҳамчун унсури фарҳангофарӣ ва ҳувиятсозӣ доман мегустурад”.

Адабиёти форсии тоҷикӣ ва соири шоирону бузургони он дар муддати таърихи тӯлонии худ тавонистанд, мардуми ин сарзаминро ба шинохти воқеии табиат раҳнамун сохта, ҳамзамон чашми қавмҳои дигарро ба дидани табиати муъҷизаофар кушуда, ононро аз ҷаҳолату нодонӣ ва куштору хунрезӣ ба олами раҳму шафқат ва зебоипарастӣ хонанд. Аз ҷониби дигар, адабиёт ба унвони шеър бозгӯкунандаи эҳсосоти бани башар буда, шоир тавассути он инсонҳоро дар шинохти зебогиҳои табиат ба ҳам меорад. Зеро сухан силоҳи пуриқтидорест, ки дар баробари шамшеру тиру камон бархоста, дар ҳифзу нигоҳдошти маърифати инсон мубориза мебарад. Қалам инсонро дар шинохти пардаҳои нозуки сухан раҳнамоӣ мекунад ва дунёро дар баробари як олами зебоӣ ба ҷилва меорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ табиат ва манзараҳои он аз мавзуъҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад, зеро табиати муъҷизаофари Эронзамин дар тамоми асру замон таваҷҷуҳи аҳли суханро ба худ кашида, боиси ба вуҷуд омадани шеърҳои зиёде гардидааст. Зеро маҳз табиат бо манзараҳои биҳиштосои худ инсонро ба зебоӣ, дӯст доштан, зиндагӣ кардан ва раҳму шафқат доштан нисбат ба атрофиёнро талқин менамояд. Барои суханварони нуктасанҷ ва шоирони маъниофар дар замоне, ки адабиёти тоҷик баъди истилои араб давраи ташаккулёбиро аз сар мегузаронд, табиат ва боварҳои мардум бо манзараҳои зебо ягона сарчашмаи илҳом ба ҳисоб мерафт.

Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар эҷодиёти Рӯдакӣ ва пайравони сабки хуросонӣ табиат ва инсони бунёдкор қаҳрамони асосӣ буда, одам ва арзишҳои мардумӣ мавриди тасвир қарор дода мешуд. Ҳамин аст, ки дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бозтоби баҳор ва ҷашни Наврӯз пайваста инъикоси худро пайдо кардааст. Дар осори шуаро бозтоби баҳор ва ҷашни Наврӯз собиқаи таърихӣ дошта, дар мавридҳои гуногун бо тобишҳои мухталиф ифода шудааст. Аз таҳқиқоти муҳаққиқону олимони ватанию хориҷӣ возеҳу равшан мегардад, ки саргаҳи таҷлили ҷашни Наврӯз ба солҳои пеш аз таърих гиреҳ мехӯрад ва дар омӯзишу ҷустуҷӯйи собиқаи Наврӯз бояд аз сарҳадоти таърих убур кард ва онро дар моварои устураҳо ва афсонаҳо ҷӯё шуд, ки фармудаи Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” гувоҳи ин даъвост:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Аз афзунии суннатҳои наврӯзӣ бармеояд, ки таҷлили ҷашни Наврӯз робитаи ногусастанӣ бо ҷаҳоншиносӣ ва таърихи ниёкони мо дорад. Ҳамин аст, ки далоилу мадракҳои зиёде, ки дар осори таърихиву адабӣ, ҷуғрофиву мардумшиносӣ, диниву мазҳабӣ инъикос шудаанд, гувоҳанд, ки қудсияти Наврӯз аз замонҳои дури таърих шинохта шудааст. Аҳамияти ахлоқию фарҳангии ин ойини муқаддас сабаб шуд, ки афкору ақоиди мухталифе дар пиндору гуфтору кирдори мардум аз вижагиҳои пайдоиши Наврӯз русух намояд. Ё бо ибороти дигар, муаллифони китобҳои таърих аввалин рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯзро бо мубрамтарин ҳаводису воқеоти зиндагии гузаштагони хеш гиреҳ задаанд. Маҳз ҳамин омилҳо сабаб гардиданд, ки пешниҳоди ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва бо истиқболи кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз аз 19 –уми феврали соли 2010 бо қарори 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилдалии Наврӯз” қабул гардид.

Сайидамир БОҚИЕВ,

донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи