САҲМИ ХУДРО ДАР ПЕШРАФТИ ВАТАН ГУЗОРЕМ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятию идоракунӣ дучанд гардид. Дар ин росто саҳми ҷавонон низ чун қишри фаъоли ҷомеа дар пешрафту ободии мамлакат хеле назаррас гардид.
Имрӯзҳо дар тамоми корхонаҳои давлатӣ, дар вазорату кумитаҳо ва дар маҷмуъ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзандаи ҷавонон эҳсос мешавад.
Дар замони муосир бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор ҳадафи ҳама кишварҳо мебошад. Аз нигоҳи аввал агар ин ҳадаф дар заминаи ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир гардад. Аз нигоҳи дигар, он маҳз дар заминаи дастгирии қишри неруманди ҷомеа – ҷавонон, ба даст меояд. Дар кишвари мо дар радифи иҷрои корҳои бузург ва муҳиму шоиста, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ чораҳои муассиру натиҷабахшро ҳамасола пешбарӣ менамоянд.
Сарвари давлат дар ҳошияи сиёсати хирадмандонаи хеш таваҷҷуҳи беандоза ба тақдири қишри ояндасоз — ҷавонон, чун неруи боирода ва аз ҷиҳати зеҳнӣ огоҳу бомаърифат, ҳушёру зирак ташаккулёфта намуда, онҳо ҳамеша дастгирӣ менамоянд.
Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ маҳз ба таври нодир ва мутобиқ ба сабку усули тоҷикона ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушди такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шароитҳои фароҳамовардашуда баҳри рушду инкишофи имкониятҳои зеҳнӣ, ҳамчун як шахси комил бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардидани насли наврасу ҷавонони кишвар мусоидат намуда, дар навбати худ дар замири онҳо қобилиятҳои нави инсониро кашф ва боварию эътимодашонро ҷиҳати анҷоми корҳои созандагӣ ба маротиб боло бурд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик чун насли хушбахту саодатманд аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз аз ғамхорӣ, меҳру муҳаббати беандоза ва дастгириҳои беназири Пешвои муаззами миллат баҳравар ҳастанд.
Мо, ҷавонон, ояндаи миллат, неруи бузург ва соҳибони Ватани аҷдодӣ кӯшиш мекунем, ки такиягоҳи боетимоди давлат мебошем. Талош барон меварзем, ки дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллатро ҳамеша ҷонибдорӣ намоем ва дар раванди он бевосита ширкат варзида, саҳми худро мегузорем.
Мануҷеҳри МИРЗОМУРОД,
магистранти Академия