Семинар «Роҳҳои пешгирӣ коронавирус дар ҷомеа»
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раёсат ва устодону кормандон семинар оид ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла короновирус баргузор гардид.
Нахуст, Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода бобати хуруҷ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии Covid -19 ба ташвиш овардааст.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии короновирус ва бо дарназардошти риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хушбахтона хуруҷӣ ин беморӣ то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо бояд фориғбол набуда, чораҳои пешгирикунандаро андешем, — иброз дошт А. Ғафурзода.
Таъкид гашт, ки бо мақсади таъмини қоидаҳои санитарӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва безараргардонии бино ва ҳуҷраву синфхонаҳо дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ ташкил гардида, дар рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони ширкати «Фавз» корҳои дезинфексионӣ анҷом дода шуд.
Исмоилзода Намоз — мудири дармонгоҳи Академия иброз намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накардан, шустани дастон бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ ва собун, тозагии муҳити зист, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонинидашуда, саривақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ва роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошад.
Мавсуф зикр намуд, ки шарти асосии пешгирии ин беморӣ риояи қоидаҳои санитарӣ, тозагии манзили зист, гирду атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи як метр дуртар муошират намудан, бо даст салом накардан ва ғайра мебошад. Ҳамчунин, таъкид гашт, ки тамоми тавсияҳои табибону мутахассисон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ҳамарӯза аз тарафи мутахассисони дармонгоҳи тиббии Академия миёни устодон, кормандону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар фароварди семинар, иштирокчиён доир ба хавфи коронавирус ба аҳолии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгири он саволҳо дода аз тарафи Исмоилзода Намоз ҷавобҳои саҳеҳ гирифтаанд.