СИЁСАТИ МУВАФФАҚ ВА ТАШАББУСҲОИ ОЯНДАСОЗИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ОМИЛИ ПАЙВАНД БО ҶАҲОНИ МУОСИР
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Тоҷикистон дар масири 30 соли истиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти барӯманд тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд, илова бар ин, ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст ва хуб мешиносанд.
Вақте аз назари коршиносӣ ва диди воқеъбинона баҳо диҳем, ки чи гуна Тоҷикистон — як кишвари ошӯбзадаву дар ҳоли ҷанг қарордошта ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа ва яке аз мамлакатҳои осоиштаву бонизом дар ҷаҳон табдил ёфт, мусаллам хоҳад гашт, ки бешубҳа, ин ҳама дастоварду комёбиҳои Тоҷикистон натиҷаи барномарезии дақиқ, талошҳои пайгирона ва хидматҳои софдилонаи фарзанди фарзонаи миллати шарафманди тоҷик, қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Нигоҳе аз даричаи имрӯз ба рӯзҳои аввали таъсиси давлатдории тоҷикон пас аз истиқлол ва ташаккули заминаҳои сиёсати хориҷӣ нишон медиҳад, ки роҳандозии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошӯравӣ сурат мегирифт.
Он вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд аз фарози минбари иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муаррифӣ шуд, дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ шахсияти тамоман нав буд. Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва малакаи беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад. Дар ин замина Роҳбари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод. Ӯ зимни аввалин муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 изҳор намуд, ки барои ба ҷумҳурӣ ёрӣ расонидан ба Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард.
Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1992 ҳамчун иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва аз 2 марти ҳамон сол ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Тоҷикистони азизи мо, дар давоми 30 соли Истиқлол ба комёбиҳои назаррасе ноил гашт. Агарчи панҷ соли ҷанги таҳмилӣ Ватан ва мардуми моро аз пешрафт боздошт, вале миллати бунёдкор ва созандаи мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ роҳи бунёдкорӣ ва ободониро пеш гирифта, бо муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои худ ба сӯи пирӯзиҳо роҳ мепаймояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчи расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолият расид ва давлати мустақили худро таъсис дод, аммо фарҳанги давлатдорӣ барои тоҷикон унсури ҷадид ва тозабадастомадае набуд.
Оини давлату давлатдории аҷдоди мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардида, собит менамояд, ки дар моварои таърих, давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дубораҳо эҳё ва барқарор гардидааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати мустақили миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳои беназир намудааст. Агар то андозае ба умқи таърих ва асолати таърихии ниёгонамон назар афканем, пайхас мекунем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рӯҳияи баланди истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт. Ҳақ ба ҷониби шоир, ки гуфтааст:
Ман ҳамон гумгаштаи сад бор пайдогаштаам,
Қатра-қатра ҷамъ гашта, боз дарё гаштаам.
Зимни баррасии сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил нахустин нуктае, ки ба назар мерасад, ин аст, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони мо роҷеъ ба идораи самтҳои дигар таҷрибаи муайяне дошт, вале дар самти сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд. Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон расман дар таърихи 12 майи соли 1944 таъсис ёфта буд, аммо ин муассиса танҳо вазифаи ҳалли баъзе масъалаҳои ташрифотиро бар дӯш дошт, на танзими сиёсати хориҷӣ ва нақшофарӣ дар арсаи байналмилалиро. Ин аст, ки барқарории равобит бо ҷаҳони хориҷ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва ҳамзамон мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлолият буд.
Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари таъйин шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992) пайроҳаи барқарории муносибатҳо бо кишварҳову созмонҳои байналмилалиро барои муаррифии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба дар пеш гирифт. Сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбари ҷавони давлати навтаъсис аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш мавриди дастгирии натанҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва ин заминаи муваффақе гардид ҷиҳати ба роҳ мондани сиёсати муваффақи хориҷии кишвари соҳибистиқлол.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷўёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзӯъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, ӯ пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои куҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамояд.
Пешниҳод ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии бо эътимод бо кишварҳои шарик, ташаббус дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар ташаббусҳои муҳими сиёсатмадори волоназар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ карда, минбаъд низ ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир таъмин менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Алишер ИСЛОМИДДИНЗОДА,
сардори шуъбаи тайёркунии касбии
хизматчиёни давлатии Академия