СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ – НИШОНИ ҲАСТИЮ ПОЙДОРӢ ВА РАМЗИ АСОЛАТУ ҲУВИЯТ

259823159_860709621273864_4746583181451046403_n

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Аз ин санаи фархундаву муборак ва барои миллати тоҷик муқаддас 31 сол сипарӣ мегардад. Бо эълони ин рӯз саҳифаи наву дурахшон дар таърихи миллати тоҷик ва ҳаёти мардуми мо кушода шуд. Миллати тоҷик ба дастоварде ноил гардид, ки орзуи ҳамешагии ҳар миллати озода аст.

 

Фаромуш набояд кард, ки пешбурди низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳама давлатҳои ҷаҳон маҳз дар партави соҳибистиқлолиашон ба вуҷуд омадааст. Ба маънои дигар, истиқлолият шиносномаи ҳар давлат ба ҳисоб рафта, он рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ мебошад. Барои миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик низ маҳз соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу мақом ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба ифтихори 30-солагии истиқлолияти давлатӣ иброз намуда буданд: “Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд. Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем”.

 

Барҳақ тамоми комёбӣ, пешрафт ва нуфузи мо аз истиқлоли комиламон маншаъ гирифта, он беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлат, хусусан кишвар азизамон мебошад. Маҳз соҳибистиқлолӣ омили аслии рушду тараққӣ ва заминасози ҳузури давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.

 

Кишвари мо давоми 31 соли соҳибистиқлолии худ дар партави сиёсати хирадмандона, дурбинона, созандаву бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналхалқӣ касб намояд. Бо баракати соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо дар ҷаҳон миллати тоҷикро мешиносанд ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра эътироф мекунанд.

 

Дар тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ мо роҳи имрӯзу ояндаи худ ва пешрафти назарраси минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намудем ва ба дастовардҳои шоёну назаррас ноил гардидем. Ҳарчанд 31 сол пеш таърих чандон давраи тӯлонӣ нест, вале дастоварду пешрафти кишвари азизамон нишон медиҳанд, ки мо дар ин муддат бо сарварии Пешвои миллат корҳои воқеан шоён ва чашмрасро сомон додаем.

 

Миллати мо соҳибистиқлолиро ҳамеша барои худ рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокорона баҳри расидан ба дастовардҳои назаррас дониста, бо дилу нияти нек дар соҳаҳои мухталиф кору фаъолият намуда истодаанд. Маҳз бо муҳаббату дилгармӣ барои обод намудани Ватанамон кору меҳнат кардани халқи азизамон боис гардид, ки мо ба ин ҳама пешрафту шукуфоӣ шарафёб гардем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин нуктаро дар суханронии хеш чунин қайд кардаанд: “Мехоҳам бо хушҳоливу ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ободгари мо, аз ҷумла ҷавонони ватанпарвар, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу саховатпеша, хусусан, солҳои охир тамоми имконият ва саъю талоши худро барои ободии Ватан сафарбар кардаанд. Имрӯз мебинем, ки симои кишвари азизамон аз пойтахти он – шаҳри Душанбе сар карда, то дурдастарин деҳаҳо ба таври куллӣ дигаргун шудааст, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф гардидааст ва сатҳу сифати зиндагии мардумамон хеле боло рафтааст”.

 

Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки соҳибистиқлолӣ барои мо нишони ҳастию пойдории давлату миллат, асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиноснома ва шарафу эътиборамон дар арсаи ҷаҳонист. Ҳамзамон ифтихор аз он кунем, ки кишвари азизамон дар партафи сулҳу субот, ваҳдати сартосари ва обруву нуфузи байналмилалӣ 31-солагии соҳибихтиёрии худро бо тантана пешвоз мегирад.

 

Алишер САИДМУХТОРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи

байналмилалии Академия

Похожие записи