ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ

promishlennost-Tadzhikistana

Барои ба кишвари индустиалӣ табдил ёфтан пеш аз ҳама мавҷудияти ду омили асосӣ – манбаи энергия ва фаъолияти бемамониати инфрасохтори нақлиётӣ зарур аст. Хушбахтона аз се ду ҳадафи стратегие, ки дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ меистод, ин омилҳоро таъмин карда, заминаи мустаҳкам барои ҳадафи чорум ба ҳисоб меравад. Дар эълон гардидани ҳадафи чорум мо сиёсати дурбинонаи мантиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба яке аз давлатҳои пешбурда мубаддал кардани Тоҷикистон баръало ҳис мекунем.

 

Саноати Тоҷикистон имрўз дар марҷилаи эҷё қарор дошта, минбаъд бо вусъат ёфтани сармоягузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҷои нав, инкишофи иқтидори миллии илмӣ-техникӣ, аз байн бурдани монеаҷо байни илм ва истеҷсолот, ҷалб ва ба истеҷсолот ворид намудани технологияҷои пешқадами хориҷӣ, ташаккулу такмили сохтор ва навсозии фондҷои асосӣ ҷараёни инкишофи он суръати нави афзоиш пайдо хоҷад кард.

 

Саноати имрўзаи Тоҷикистон зиёда аз 90 самти коркард, истихроҷ ва истеҷсолотро дар бар гирифта, соли 2021 ба маблаѓи беш аз 38,8 миллиард сомонӣ маҷсулот истеҷсол карда шуд/

 

Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.

 

Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд.

 

Қайд намудан ба маврид мебошад, ки танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ дар даврони истиқлолият ҷалб гардидааст.

 

Инчунин бо мақсади рушди соҳа дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардиданд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст гардиданд.

 

Чигунае Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид намуданд: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат дар самтҳои ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданок ва рушди саноати маъдан олимони мо бояд корҳои таҳқиқотиро вусъат диҳанд. Пас ҳар як олими соҳаро месазад дар таъмин амнияти иқтисодии кишвар камари ҳимат бандад.ва рушди босуботро таъмин созад”.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки устувории иқтисоди миллӣ аз рушди саноат вобастагии зиёд дошта, истифода аз ашёи хоми ватанӣ метавонад ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувории низоми иқтисодӣ ва таъмини амнияти иқтисодӣ мусоидат намояд.

 

Дар шароити муосир нақши идоракунии давлатӣ дар таъмини устуворӣ ва беҳбуди бахшҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла саноат, баҳои баланд дошта, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат аҳамияти хосса дорад.

 

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Инчуни 21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат бино бар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад.

 

Агар дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12,2 млрд сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 38,8 млрд сомонӣ баробар гардид, ки 3,2 баробар зиёд мебошад.

 

Қобили тазаккур мебошад, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад. Ҳиссаи саноат бошад дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонидан яке аз ҳадафҳои асоси давлат ба шумор меравад.

 

Қайд намудан ба маврид мебошад, ки дар оянда низ соҳаи саноат мавқеи меҳвариро касб намуда, бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш додан он қарор гирифтааст.

 

Маҳз рушди саноат метавонад дар ояндаи наздик вобастагии иқтисодиётро коҳиш дода, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос гузорад, инчунин дар фароҳам овардани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат намояд.

 

Ҳаминро бояд қайд намоем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати прогресси илмию техникӣ идоракунӣ бо тартиби нави технологӣ ва вусъати рақобат танҳо бо роҳи пурзур намудани фаъолияти инноватсионӣ ва пайваст намудани илм ба истеҳсолот зарур аст. Дар марҳилаи саноатикунонии босуръат, мо кормандони соҳаи илм ва маорифро месазад, барои амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллии кишвар саҳмгӯзор бошем.

 

Муфарраҳ АСОЕВ,

мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ,

номзади илмҳои иқтисодӣ

Похожие записи