ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН МАСЪУЛИЯТИ ОНҲОРО ЗИЁД МЕКУНАД

1544414033_43426595040_4788d009d4_z

Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.  Эмомалӣ Раҳмон

 

Ин таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам.Эмомалӣ Раҳмон бар он далолат мекунад, ки ҷавонон ҳарчи бештар бояд донанду аз илмҳои муосир бархурдор бошанд. Дар баробари ин барои пешбурди кишвари азизамон саъйи беш аз пеш намоянд. Зимнан аз ин нукта метавон дарк намуд, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати кишвар бар он нигаронида шудааст, ки ҷавонон бо диди тоза ва неруи созандаи худ бояд ҳамеша дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, рушди соҳаҳои хоҷагидорӣ, пешбурди кору вазифаҳои муҳимми давлатӣ пешгом бошанд.

 

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар дастгирии ҷавонон аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Чуноне соли равон шоҳид гаштем, дар асоси фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи як қатор сохторҳо кадрҳои ҷавону болаёқат таъин гардиданд. Албатта, ин таҷрибаи нав нест. Солҳои қаблӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқотҳояш бо сокинони кишвар борҳо ҷавонони фаъолу рӯшанфикр ва болаёқатро аз миёни издиҳоми мардум шинохта, дар рушди минбаъдаи онҳо сабаб гардиданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар вохӯриҳои хеш сароҳатан таъкид мекунанд, ки “Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст”. Ва чуноне имрӯзҳо мо шоҳид гардида истодаем шумораи ҷавонони роҳбарикунанда дар кишвар ба тадриҷ зиёд шуда истодаанд. Ин иқдоми Президенти кишвар амали дурбинона буда, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани кадрҳои ҷавону лаёқатманд сармоягузорӣ ба фардо аст, ки он ҳатман дар шакли хизмати содиқона ба Ватану миллат бозпас мегардад.

 

Дар навбати худ ҷавонон аз ин иқдомоти Пешвои муаззами миллат бояд бо масъулияти том баҳри рушди кишвар саъй намоянд. Дар касбу кори хеш содиқ бошанд. Онҳо кӯшиш намоянд, ки бо тамоми неру корро пеш баранд, бо идеяҳои наву созанда ва барои пешрафти ҷомеа муфид амал намоянд. Ҳамкориро бо мардум зиёд намуда, дар пешрафти кор аз таклифу пешниҳодҳои созандаи онҳо истифода намоянд, пайваста дониши худро такмил диҳанд, обрӯву эътибори худро ҳифз карда, бо рафтору кирдор барои дигарон намунаи ибрат бошанд ва ҳамеша дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кӯшишу талош намоянд.

 

Наимҷон НАИМОВ,

магистранти курси 2,

ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ

Похожие записи

Оставьте нам комментарий