УСТУВОРИИ ФАЗОИ СИЁСИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

50877367992_cefaf67826_o (1)

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мавзеъгирии геополитикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, тавассути Афғонистон бо Осиёи Ҷанубу Ховари наздик ва Чин бо Осиёи Шарқӣ ҳамсояи миёндардевор мебошад. Дар меҳвари сиёсати минтақавии Тоҷикистон нақши перомуни ҳифзи сарҳадот ва оромии фазои сиёсӣ ҷойгоҳи хос дорад. Дар татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба устувории ҳусни ҳамҷаворӣ ва неку ҳамсоягӣ муносибатҳо роҳандозӣ мегардад.

 

Барномаи мукаммалсоз дар тарҳрезии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Паёмҳои Президент ба Мақоми олии қонунгузор маҳсуб меёбад. Дар ин санад дилхоҳ масъала аз назари прогматикӣ мавриди баррасӣ ва татбиқ қарор дода мешавад. Аз ин лиҳоз, дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳо воқеъбинона инъикос мешаванд. Муҳимияти барномарезии Паём дар он аст, ки ҳадафҳои дурнамосоз мавриди амал қарор дода мешаванд.

 

Дар самтгирии сиёсати хориҷӣ ба занҷираи ҳусни устувори ҳамсоягии нек авлавият дода мешавад. Зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хотирнишон месозам, ки тадбирҳо на танҳо ба ҳимояи манфиатҳои кишвари мо, балки ба оромиву суботи кишварҳои дуру наздик, бахусус, кишварҳои минтақа низ мусоидат менамоянд».

 

Дар фазои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва пасманзари он зуҳури гурӯҳҳои ифротию террористӣ, аз қабили Толибон, Ҳизбутаҳрир, Ҷумбиши Ӯзбекистон, Ҷумбиши Туркистон, ТТЭ Ҳизби наҳзат, Ҳизбулоҳ, Ал-Қоида, ДОИШ ва дигарон ба суботу амният ва осоиштагии мардум хатарзо гардидаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм аз оғози асри XXI, яъне пас аз ҳодисаи тахрибкоронаи 11.09.2001 пурзӯр карда шуд. Вале инҷо суоле пеш меояд, ки оё бар зидди ин таҳдидҳо мубориза бурда мешавад ё онҳо истифода мешаванд? Дар ин майдон ду навъ фаъолият пеш бурда мешавад: сиёсати зидди террористӣ ва мубориза бар зидди терроризм.

 

Он кишварҳое, ки сиёсати зидди террористиро маҳаки иштироки хеш дар арсаи байналмилал дидан мехоҳанд, ҳаргиз бар зидди ин таҳдидот амал намекунанд. Баръакс, аз ин вазъ истифода бурда, манфиатҳои худро пиёда мекунанд. Ба ин мисол шуда метавонад фазои носолими Афғонистон, Ироқ, Лубнон ва Сурия. Дар муддати 20 соле, ки дар ҳудуди Афғонистон бар зидди ҳаракати Толибон мубориза бурда мешавад, ягон дигаргуние ба нафъи ин кишвари осебдида ба назар намерасад. Дар ин асно вазъ торафт мураккаб гардидаасту осоише ба вуҷуд наомадааст. Чун Толибон он гурӯҳҳои ифротию террористие, ки зикрашонро дар боло оварда будем, фазои дигар кишварҳоро халалдор карда истодаанд.

 

Кишварҳои минтақа бояд бо дарки масъулият ва зиракию ҳушмандӣ баҳри ҳифзи манофеи минтақавӣ дастаҷамъона баҳри пурра нест кардани қувваҳои бадӣ муборизаи муштарак баранд. Минтақаро ба намоишгоҳи театри фоҷиавии ҷаҳонӣ табдил надиҳанд. Бояд ба як моҳият аҳамият дода шавад, ки дилхоҳ кишваре, ки дар минтақа фазои носолим дошта бошад, зарараш ба кишварҳои дигар мерасад. Чун бетарафию ҳамдигарнофаҳмӣ авҷи хуруҷи қудратталабӣ гашт, албатта қудрати дигаре бо гомҳои неруманди худ баҳри зери нуфузи хеш қарор додани минтақа аз ҳар роҳу восита истифода мебарад.

 

Дар арсаи байналмилал усули тақсимкуну ҳукмронинамо баҳри зери итоати хеш қарор додани субъект истифода мешавад. Бо ин усул чунин гурӯҳҳое, ки ба нафъи мардум барнамехӯранд, аз ҷониби қувваҳои берунӣ ташкил шуда, фазои кишварҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, сенарияҳо баҳри расидан ба мақсадҳои геополитикӣ ва геостратегӣ кашида мешаванд. Барои дилхоҳ минтақа истифода аз қудрати дигар минтақа манфиатовар нест. Қудрати дигар аз назари рақиб чашм аъло карда, монеи пешрафт шуда, минтақаро аз қудрати худ вобаста мекунад. Чун вобастагӣ амалӣ шуд, дар ин сурат ба таҳмили ғояҳои ба мардум бегона оғоз мекунад.

 

Тавре аз расонаҳо мушоҳида мешаванд, гурӯҳҳои террористию ифротӣ бо мақсади таъсиси хилофати тундравона мубориза мебаранд. Аммо онҳоро қудратҳое истифода ва дастгирӣ мекунанд, ки даъвои демократия ва ҳуқуки инсон доранд. Бо чунин омилҳо халалдоршавии амнияти байналмилалиро баҳона карда, ҳуқуқу манфиатҳои дигар халқу кишварҳоро поймол мекунанд. Ин қудратҳо як ҳадаф доранд, носолимсозии фазои дигарон баҳри оромии фазои худ. Бо чунин шиор намегузоранд, ки кишварҳои хурд ва миёна мустақилона рушду нумуъ намоянд.

 

Кишварҳои минтақа ва ҳамҷавори онро зарур аст, ки дар ин вазъи пуртаззод аз нерӯи якдигар истифода бурда нагузоранд, то ки қудрати дигар минтақа дар ин мавзеъҳо ҳукмрон бошад. Ин мавзеъҳоро худи кишварҳо ором карда метавонанд, зеро ки осоиштагию амн ба нафъи манфиатҳои миллии кишварҳои доираи минтақа аст. Бо усули манфиатҳои мутақобилан судманд ҳамкорӣ намуда, дар доираи созмонҳои минтақавӣ, ки баҳри манофеи ин мавзеъҳост, муттаҳид шаванд. Ҳамкориҳо устувор шаванд, масъулияти эътидоли вазъ ба зимма гирифта шавад, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар муддатҳои кӯтоҳ фазои Афғонистон, Ироқ, Лубнон, Сурия ва дигар кишварҳои осебпазир осоишта хоҳад шуд. Ин матлаб метавонад, ки бо машварати коршиносон бо усули дипломатияи пешгирикунанда (превентивная дипломатия) амалӣ карда шавад. Аз Маркази дипломатияи пешгирикунандаи дар Ашхобод буда, аз қудрати СҲШ, СҲИ, СААД ва дигарон истифода бурда шавад. Бо чунин ҳамгироӣ фазои кишварҳо аз лиҳози амниятӣ устувор, аз лиҳози иқтисодӣ тараққикарда ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ осоишта хоҳад шуд.

 

Ҷамшед МУРОДАЛИЗОДА,

унвонҷӯи Академия

 

Похожие записи