ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДОГОҲӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

241853113_1027158958111192_7585034246632559508_n

Ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳисси баланди ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ аз бузургтарин ҳиссиёти инсон ба шумор меравад. Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ аз бузургтарин вазифаҳои ҳар як шахси соҳибватан ва дилогоҳ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги пурғановатамон таъкидҳо намуда, моро ба он раҳнамуд месозанд, ки Ватанро дӯст дорему дар рушду пешрафти он саҳм гузорем. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири ҷавонон диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки: “Эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.”

 

Дар заминаи таҳлили паёмҳои чанд соли охири Сарвари давлат маълум гардид, ки масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, ташаккули ғояи ватандорӣ ва амсоли ин мавзуъҳо ҳамасола қайд мешаванд ва аз масъалаҳои мавриди назар ба шумор мераванд. Дар паёмҳои худ Пешвои миллат ҳамасола қайд менамоянд, ки вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ин пеш аз ҳама тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллӣ аввало дар замири худ ва баъдан дар атрофиён ба ҳисоб меравад. 22 декабри соли 2017 дар Паёми худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон Роҳбари давлат қайд намуданд, ки тақозои замон аст, то барои ташаккули ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳама якдилона кӯшиш ба харҷ диҳам. Дар ин самт вазифаҳои бештар ба дӯши фарҳанг меафтад. Танҳо тавассути ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ метавон дар ин самт ба натиҷаҳои дастрас ноил гардид. Ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои давлатӣ ба даст меоянд ва бори дигар аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани кулли шаҳрвандони Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд.

Дар расидан ба натиҷаҳои шоёну назаррас дар ин ҷода Сарвари давлат ҷавононро аз қишри асосии аҳолии мамлакат мешуморанд ва борҳо таъкид намудаанд, ки маҳз тавассути ҷавонон мо ояндаи устувор ва кишвари мутамаддинро бунёд карда метавонем. Чуноне Пешвои миллат қайд намуданд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Бо ин гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми эшон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 иқтибос оварда шудааст, нишон додан мумкин аст, ки маҳз садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ метавонад, кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон бошад.

Ватандӯст будан, пеш аз ҳама маънои омода будан ба ҳифзи амният, Истиқлол ва арзишҳои ваҳдату якдилиро мефаҳмонад. Дар шароити душвор ва зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар яки моро зарур аст, ки омода бошем, дар ҳолати зарурӣ аз манфиатҳои миллӣ ва амнияту суботи кишвар дифоъ карда тавонем. Президенти кишвар таъкид сохтаанд, ки: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.

Миллати тоҷик аз таърихи дур мардуми тоҷбарсар ва ватандӯсту ватандор буданд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи амнияту сулҳу осоиштагии Ватани худ мубориза мебурданд. Инро дар мисоли бисёре аз гузаштагони пурифтихори худ дида ва қаҳрамониҳои онҳоро шунида метавонем. Новобаста ба он ки ватандӯстӣ дар рагу пай ва хуни мардуми тоҷик маъво дорад, аммо ҳодисаҳои тозазуҳур ва таҳдидҳои ғайрианъанавии замони муосир моро водор менамояд, ки барои боз ҳам фурӯзонтар намудани оташи ватандӯстӣ дар замири ҳар тоҷик ва ба алангаи доимӣ табдил додани он ҳаракат намоем ва аз ҳаёти гузаштагони худ хулосаи дуруст барорем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 вобаста ба ин масъала иброз дошта буданд, ки: “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Мутаассифона, дар баробари хатарҳои ҷаҳонӣ хоинони Ватан низ ором наистода, кӯшишу талош мекунанд, то аз қувваи ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, истифода намуда, афкори созанда ва ҳисси меҳанпарастии онҳоро коста созанд. Вале, бо ифтихор ва сарафрозӣ қайд намудан мумкин аст, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҷавонони 31 сол пеш нестанд. Имрӯз бо дурӯғу дасиса ва буҳтону афсонабофӣ фиреб намудани ҷавонони Тоҷикистон ғайриимкон аст. Ҷавонони тоҷик имрӯз аз муҳаббат ба Ватан сухан мегӯянд ва мо имкон дорем, баръало аз чашмонашон эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббати мулки аҷдодии худро дарк намоем. Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин, чӣ гунае, ки Пешвои миллат қайд мекунанд, набояд зиракии сиёсии худро аз даст диҳем. Ҳамеша дар роҳи амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва ҳадафҳои роҳбарияти мамлакат кӯшиш ба харҷ бидиҳем ва аз тоҷику тоҷикистонӣ будани худ ифтихор намоем. Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 январи соли 2021 бо ифтихор аз неруи созандаи мардуми кишвар, бахусус ҷавонон иброз намуда буданд, ки: “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем”.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои ноил гардид. Дар ин муддат мардуми шарафманди тоҷик нигоҳ накарда ба авзои мураккаби ҷаҳонӣ бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз намуд ва онро ҳамарӯза обод ва нуфузашро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ин масъаларо Сарвари давлат дар Паёми худ 21 декабри соли 2021 чунин шарҳ доданд: “Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад”.

Дар маҷмуъ таъкидҳои ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш дар самти ватандӯстию меҳанпарастӣ моро водор месозад, ки донишу заковати хешро ҷиҳати ободу пешрафта сохтани Ватани азизамон равона созем. Дар заминаи таъкидҳои Сарвари давлат ҳар яки моро мебояд дар замири худ ҳисси худшиносию ватандӯстиро парвариш диҳем ва ҷиҳати гулгуншукуфоии мамлакати азизамон тамоми ҷаҳду талошҳои худро равона созем. Фаромӯш насозем, ки ватандӯстию меҳанпарастӣ ба инсон рӯҳияи бузурги созандагӣ дода, ӯро ба самти амалҳои бунёдгарона равона месозад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба ҳама мо таъкид намуданд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Бобозода Одилҷон,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва

таҳсилоти дуюми олии касбии Академия

Похожие записи