БАРОИ БОНУВОН СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР ГАРДИД

332924266_2833809523420113_4475198262627208480_n

Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, бо ҳамкориҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади тақвият додани донишҳои бонувон оид ба таъмини баробарии гендерӣ ва малакаи мудирият дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 21 нафар бо иштироки муовини вазири нақлиёт Саидмуродзода Шоиста, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Абдуллозода Умеда ва директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд.

Дар семинар барои бонувон машғулиятҳо дар мавзӯъҳои «Татбиқи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» аз ҷониби муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Абдуллозода У. ва «Имиҷи Зан-роҳбар» аз тарафи директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия Аюбӣ Б.О. гузаронида шуданд.

 

Похожие записи