Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об

IMG_9132

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети дипломатия ва сиёсат маҳфили навбатии илмии донишҷӯён таҳти унвони “Набзи сайёра”-и кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа дар мавзӯи “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва аҳамияти онҳо дар муностбатҳои байналмилалӣ” бо иштироки устодон, донишҷӯёну магистрантон баргузоргардид.

Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи дипломатия ва сиёсат н.и.т Нурализода Б., муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат Бобозода А., роҳбари маҳфили “Набзи сайёра” Шеров Ш., ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил Шеров Шодӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои назаррасро пешабинӣ намудааст ва  кишварамонро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда, дар раванди мушкилиҳои глобалии давлатҳо худро канор нагирифта, пайваста бо онҳо равобити дӯстона доранд. Исботи ин гуфтаҳо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти байналмилалӣ, эълон гардидани солҳои 2018-2028 “Об барои рушди устувор” ва дигар ташаббусҳо мебошанд.

Таъкид гашт, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар он солҳо мушкилоти пешомада ва набзи ҷаҳони муосирро дарк намуда, бо як ташаббуси ҷадиде баромад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф буда наметавонист. Ташаббуси мазкур бо қабул намудани қатъномаи дахлдор таҳти рақами  58/217, аз 23 декабри соли 2003,  қабул гашт. Чунонки маълум аст, даҳсолаи мазкур ба итмом расид ва натиҷагирии он низ дар пойтахти кишвар моҳи июни соли 2015 сурат гирифт.  Инчунин, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ду муколамаи интерактивӣ оид ба натиҷагирии миёнамуҳлати даҳсолаи мазкур гузаронда шуд.

Натиҷаҳо ва дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» дар миқёси ҷаҳон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусбат ва назаррас баҳогузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, маҳз ба шарофати ин даҳсола дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасинадошта тақрибан ба 700 миллион нафар коҳиш дода шуд. Вобаста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд зикр намуд, ки дар доираи даҳсолаи мазкур 1,648 миллиард доллари ИМА сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаи обу энергетика  ҷалб карда шуданд, ки дар натиҷа тақрибан 1,5 миллион аҳолии кишвар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ  пайдо намуд.

Ҳарчанд дар чорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан  аз 750 миллион то 1 миллиард нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

Ҳамчунин, донишҷӯён  Парпишоева Махфуза, дар мавзӯи “Моҳияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи об”, Разоқзода Р. дар мавзӯи “Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти байналмилаӣ”, Шукруллоева М. дар мавзӯи “Нақши дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ” маълумоти мухтасар доданд.

Маҳз чунин маҳфилҳову чорабиниҳои илмӣ имконият медиҳанд, ки донишҷӯён табодули афкор намуда, донишу маҳорати хешро ҳамаҷониба сайқал диҳанд.

Аксҳо

Похожие записи