ТАШАККУЛИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Нигина

Масъалаҳои гуногуни манфиатҳои миллӣ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол, таҳти роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи мукаммали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун масоили афзалиятноки инкишофи сиёсии мамлакат мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъияти мамлакат ба куллӣ дигар шуд, ҳисси ватандӯстии одамон, боварӣ ба ояндаи нек ва муқаддасоти ватан қувват гирифт.

 

Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистонро қабул намуд. Аммо баъди чанде, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд ва ин санад буд, ки кишвари моро ба сифати давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд.

 

Баъди ба даст овардани мустақилият дар солҳои 90-ум бадхоҳони миллат кӯшиш намуданд давлату миллатро нобуд созанд ва ин буд, ки мутаассифона Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар натиҷа мувофиқи иттилои манбаъҳои гуногун аз 50 ҳазор то 200 ҳазор нафар одамон, бештар ҷавонон қурбон гардиданд. Зиёда аз 850 ҳазор нафар гуреза гаштанд. 600 ҳазор нафар дар дохили кишвар ба муҳоҷири маҷбурӣ табдил ёфта, ҷои зисташонро дигар намуданд Зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим шуданд ва тақрибан 25 ҳазор занҳо бе шавҳар монданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи Тоҷикистон хисороти зиёди дигарро низ ворид сохтааст. Иқтисодиёти Тоҷикистон ба миқдори 200 млрд. сум зарар дид. Албатта, ба ҳама маълум буд, ки сатҳи инкишофи Тоҷикистон ҳанӯз дар давраи пешазҷангӣ низ на он қадар баланд буд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ ҳолати онро боз ҳам вазнинтар гардонид.

 

Дар раванди таҳкими истиқлоли миллӣ яке аз афзалиятҳои манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дарёфти роҳҳо ва самтҳои асосии баромадан аз ҳолати моҷароҳои сиёсӣ ва амалишавии сиёсати мусолиҳаи миллӣ ташкил медод. Албатта, таърихи инсоният моҷароҳои зиёдеро медонад, ки давраҳои тӯлониро аз сар гузаронидаанд ва ҳамчун қоида кӯшиши тавассути истифодаи яроқ ва зӯровариҳо ҳалли худро ёфтанӣ шудаанд, ки оқибат қаҳтӣ, муриши зиёд ва харобкориҳои дигарро низ пеш овардаанд.

 

Ҷонибҳои муқовимат дар ин давраи бисёр ҳассос ҳимояи манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузошта, рӯ ба мусолиҳаи миллӣ оварданд, ки ин пирӯзӣ ва муваффақияте буд дар рушди давлатдории навини Тоҷикистон. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Бо имзои Созишнома муқовимати мусаллаҳона дар Тоҷикистон расман хотима ёфта, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии ин кишвар пӯшида ва бузургтарин монеаи вусъати истиқлоли Тоҷикистон аз байн бардошта гардид.

 

Аз рӯзҳои аввали Истиқлоли миллӣ то инҷониб чораҳои афзалиятноки инкишофи сиёсии мамлакат андешида шудаанд. Пас аз ба имзо расидани Созишнома дар Тоҷикистон вазъияти мамлакат ба куллӣ дигар шуд. Ҳисси ватанпарастии одамон, боварӣ ба ояндаи нек ва муқаддасоти Ватан қувват гирифт. Гузориши масъалаҳо вобаста ба инобат гирифтани афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ дар масъалаҳои дохилӣ дигар шуданд, ки он пеш аз ҳама ба таҳкими сулҳу ваҳдат, барқарор намудани иқтисодиёт, муносибатҳои самарабахши байни миллатҳо, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ғайра равона гардидаанд, ки дар дарки амиқи афзалиятҳои манфиатҳои миллӣ нақши мусбат мебозанд.

 

Муносибат ба масъалаҳои мухталифи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бахусус барои кишвари мо, ки даврони рушди истиқлол ва давлатдории навинро аз сар мегузаронад, ҳукми бартарӣ ва зарурати хосаро пайдо намудааст. Зеро мақом ва нақши “ҳимояи манфиатҳо” дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа, дар раванди гузариши сиёсӣ хеле барҷаста намудор гаштааст. Аз тарафи дигар, манфиатҳои миллӣ дар инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассирро соҳибанд.

 

Яке аз масъалаҳои аcосие, ки Тоҷикистон дар давраи муосир ба он рӯ ба рӯ гаштааст, раванди амиқ дарк намудан ва таъмини ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ташхиси масъалаҳои геостратегӣ ва тактикии он ба шумор меравад.

 

Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони имрӯза истиқлоли сиёсӣ воситаи асосии ҳалли вазифаҳои ҳаёти умумимиллӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Барои барҳам додани қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ, аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод, хоҳ асосҳои нажодӣ дошта бошанд, хоҳ миллию динӣ ва ғайра оқилона истифода бурдани захираҳои инсонӣ ва сарватҳои табиат, мутаносибан аз рӯи манфиатҳои кишвар ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ замина муҳайё менамояд.

 

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се даҳсолаи истиқлол дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ омадааст, ки бештари дигаргуниҳо дар самти нигоҳдошти манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд. Н.

 

Раҳмон Нигинабону Султон,

ассистенти кафедраи

дипломатия ва муносибатҳои

байналмилалии Академия

Похожие записи