“ТАЪСИРИ ҶАҲОНИШАВӢ БА РАВАНДҲОИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН”
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия, Эълонҳо
Таҳти ин унвон Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2021 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро баргузор менамояд.
Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
- Пешомадҳои нави ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ;
- Масъалаи ҷаҳонишавӣ дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
- Масъалаи таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Худшиносии миллӣ дар масири муқовимат бар зидди ғояҳои террористӣ ва эсктремистӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ;
- Ҳифзи забони тоҷикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- Мавқеи Тоҷикистон дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ;
- Ҷаҳонишавӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон.