ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_0544

Имрӯз, 1 сентябри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба соли нави таҳсили 2021-2022 оғоз бахшида шуд.

 

Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор гардид, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Исматов Сомон Сулаймонович, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ Аҳмадзода Зулфия Кабир, ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ Абдуалимзода Исмоил Иброҳим мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, раёсат ва ҳайати устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯён ширкат доштанд.

 

Комилбек Амид Ёрбек дар баробари муборакбодии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён бо оғози соли нави таҳсил зикр кард, ки хушбахтона соҳаи маориф дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат қарор дорад. Ҳамасола таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн дар саросари кишвар ва дар ин рӯз ифтитоҳ намудани як қатор муассисаҳои таълимӣ дар миқёси мамлакат далели таваҷҷуҳ ва ғамхории хосса ба ин соҳаи афзалиятнок маҳсуб меёбад.

 

Мавриди зикри хос аст, ки имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, бешак ҳисси ифтихор аз ватандорӣ, ҳувияту худшиносии ҳар як ҷавонро меафзояд.

 

Мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, зикр кард, ки бояд донишҷӯён қабл аз ҳама илмҳои муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намуда, саҳми хешро ҳамчун ҷавонони фаъол дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.

 

Сипас, як қатор устодони соҳибтаҷрибаи Академия суханронӣ намуда, барои мутахассисони ҷавон фатҳи қуллаҳои илм ва ба донишҷӯён хониши хубу аълоро таманно намуданд.

 

Ҷамъомад бо сухани хотимавӣ ва таманниёти нек ба фарҷом расид.

 

 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий