ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – ШАҲОДАТИ ЭҲТИРОМУ ЭЪТИМОДИ МАРДУМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

1594800673_prezident-jemomali-rahmon

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” шуруъ аз соли 2016 инҷониб 16 ноябри ҳар сол дар кишвар “Рӯзи Президент” таҷлил мегардад. Ҳадаф аз таҷлил ва истиқболи ин рӯз дар кишвар арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан бо хизматҳои шоиста ва ташаббусҳои беназир тавонистанд, ки миллати моро аз фаношавӣ наҷот диҳанд ва кишварамонро ба як давлати рӯ ба рушду соҳибэҳтиром дар ҷаҳон табдил диҳанд. Сарвари давлат аз зумраи роҳбаронест, ки дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони ҷангзадаро ба як кишвари тараққикарда ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

 

Ҳамагон медонем, ки кишвари мо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1991 ба ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо талошу кӯшишҳои Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон дар барқарор кардани сулҳу субот ва оромӣ муваффақ шуданд. Вале расидан ба сулҳу ваҳдати сартосарӣ кори басо мушкил ва раванди ниҳоят мураккабу печдарпечро дарбар гирифта буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Раиси тозаинтихоб тамоми кӯшишу ирода ва имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани гурезагон ба Ватан ва шуруи музокирот бо мухолифин равона намуда буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо савганд хӯрданд, ки охирин шаҳрванди гурезаи Тоҷикистонро ба Ватан бармегардонанд, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони тозаистиқлолро месозанд. Вақт нишон дод, ки Сарвари давлат дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор, фаросати азими мардумпарварона, ватанпарастӣ ва эҳсоси баланди миллиашонро ба гарав монда, орзу ва хостаҳои мардуми тоҷикро бароварда сохтанд. Пешвои миллат барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ҷони худро дар хатар монда, сулҳу салоҳ ва оромии комилро дар кишвар барқарор намуданд.

 

Гузашта аз ин, заҳмату талош ва кӯшишҳои пайваста ва рӯзафзуни Пешвои миллат баҳри пешрафт, ободию муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳон собит месозад, ки Сарвари давлат ба ҳама ҷашну идҳои миллии мо пайвастагӣ доранд. Чун маҳз бо талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи забон, Рӯзи модар ва дигар иду ҷашнҳоро ботантана дар фазои осоишта таҷлил менамоем. Рӯзи Президент низ дар қатори дигар ҷашну рӯзҳои ифтихориамон бо корнамоиҳои Пешвои миллат алоқамандии зич дошта, муқаррар шудани ин рӯз чун ҷашни алоҳида шаҳодати эҳтирому эътимоди мардуми кишвар ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун тоҷики асил ва ватандӯсти ҳақиқӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайваста баҳри рушду равнақи Тоҷикистон саҳми тақдирсозу таърихӣ гузоштанд, ки назир надоранд. Қабули Конститутсия, Созишномаи сулҳ дар шароити бениҳоят хатарноки Афғонистон, баргардонидани гурезагон ба Ватан, хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор намудани сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, таъсиси Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат ба шумор мераванд. Мардуми кишвар ҳамин заҳматҳои бузургу беназири Президенти кишварро, ки барои бақову устувории миллат, таҳкиму тавсеаи давлат, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудани Ватан анҷом додаанд, ҳамеша пос медоранд ва таҷлили Рӯзи Президент ин ба таври расмӣ қадршиносӣ, гиромидошт ва бузургдошти Пешвои маҳбуби мамлакат аст.

 

Алишер САИДМУХТОРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи

байналмилалии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий