ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИН ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Ғафоров Д. (1)

Дар замони муосир технологияҳои инноватсионӣ дар рушди илмҳои техникӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Давлатҳои пешрафтаи олам ба омӯзиши ин бахш диққати ҷиддӣ дода, дар асоси поягузории он самараи дилхоҳро ба даст оварданд.

 

Дар ҳоли кунунӣ инсоният аз сари худ инқилоби илмӣ – техникиро мегузаронад, ки он тамоми соҳаҳои фаъолияти одамонро дарбар мегирад. Мо шоҳиди татбиқи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳаёти ҷомеаи феълӣ гашта истодаем. Агар дар солҳои аввали пайдоиш технологияҳои компютерӣ асосан барои иҷрои ҳисобкуниҳои мураккаби илмӣ истифода шуда бошанд, ҳоло компютерҳо дар корҳои марбут ба нигоҳдорӣ, коркард ва пешкаш намудани иттилоот ба намуди зарурӣ вазифаи асосиро иҷро менамоянд. Новобаста аз фаъолият технологияҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон, муҳосибон ва умуман кормандону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои гуногун воситаи зарурии корӣ гаштаанд.

 

Дар замони муосир талабот ба технологияҳои иттилоотӣ рӯз то рӯз фузун мегардад. Барои ҳар як соҳаи хоҷагии халқи кишвар зарур аст, ки фаъолияти кории худро тавассути барномаҳои компютерӣ сабук гардонад.

 

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайъю талоши назаррас дар инкишофи ин соҳаро мушоҳида кардан мумкин. Айни ҳол дар кишвари мо омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ чӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва чӣ дар соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ яке аз самти асосии фаъолият ба шумор меравад. Ҳамчунин дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ояндаи дурахшони насли наврас ва фардои неки Тоҷикистон саъю кӯшиши зиёде намуда истодаанд. Ҷиҳати ғанӣ гардонидани фазои иттилоотӣ бо барномаҳои тоҷикӣ, истифодаи самараноки иқтидори технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти ташкилоту муассисаҳои кишвар дар суханрониҳои Пешвои миллат борҳо ишора шудааст ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат нисбати ин масъала аз мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ низ масъулияти ҷиддӣ тақозо мегардад. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ ин нуктаро зикр намуданд: “Дар марҳалаи имрўза бо истифода аз усулҳои “ҳукумати электронӣ” ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад”.

 

Воқеан дар замони муосир ҳукумати электронӣ як ҷузъи ҷомеаи иттилоотӣ мебошад, ки ҳоло дар арафаи шаклгирии умумиҷаҳонӣ қарор дорад. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумоту иттилооти расмӣ асосан тариқи интернет ва дигар воситаҳои телекоммуникатсионӣ сурат мегирад.

 

Дар фарҷом бояд таъкид намоем, ки дар замони муосир фаъолияти кории ташкилоту муассисаҳои мухталиф ба воситаи технологияҳои ҳозира осон мегардад.

 

Довуд ҒАФОРОВ,

магистранти Академия

Аксҳо