АСОСҲОИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ ИҶРОИЯ

Дар таърих тарзҳои гуногуни ташкили ҳокимияти двалатӣ маълуманд. Дар иртибот бо нишонаи мутлақият, ягонаӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ тарзҳои зерини ташкили ҳокимиятро ҷудо мекунанд:

  1. Мансубияти пурраи ҳокимият ба як шахс (подшоҳ, император, корол, амир ва ғ.);
  2. Ягона ё тақсимнашаванда будани ҳокимияти давлатӣ дар заминаи мансубияти он ба мақомоти коллективӣ;
  3. Мансубияти ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти гуногун дар заминаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ.

 

Дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Барои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он, дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешавад.
  2. Дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд.
  3. Роҳбари мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низомномаҳои дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳои дастгоҳро дар доираи сметаи хароҷоти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ намуда, оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти дастгоҳ фармоиш (қарор) қабул мекунад.
  4. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба функсия, ваколат ва шумораи ниҳоии кормандон метавонанд, дар шакли зерин ташкил карда шаванд:

– сарраёсат;

– раёсат;

– шуъба;

– бахш.

  1. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб нарафта, ҳамчун воҳидҳои ташкилию иҷроиявии таъминкунанда ва батанзимдароварандаи фаъолияти дастгоҳ буда, қисми таркибии ҷудонашавандаи дастгоҳи дахлдор ба ҳисоб мераванд.
  2. Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби муассиси мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– номи пурра ва маҳалли ҷойгиршавии мақом;

– соҳаи фаъолият, ваколат ва вазифаҳои мақом;

– ташкили роҳбарӣ, аз ҷумла самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳӣ ва низоми назорати дохилӣ;

– ҳуқуқ ва уҳдадориҳои роҳбари мақом;

– дигар муқаррароти моҳиятан муҳиме, ки аз мушаххасоти фаъолият дар соҳаи идоракунии мақом бармеоянд.

 

Дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои назорати дохилӣ таъсис дода мешаванд ва фаъолият менамоянд.

 

Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ метавонанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои дорои хусусияти ёрирасон ё функсияи хизматрасонӣ ба аҳолиро ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо вогузор намоянд.

 

Тартиби вогузор намудани функсияҳо, ба имзо расонидани шартномаи маъмурӣ ва амалӣ намудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Зокир ТУРДИБОЕВ,

магистранти Академияи

 

Похожие записи