ТЕРРОРИЗМ – ХАТАР ДАР БАРҲАМ ЗАДАНИ АМНИЯТ ВА СУБОТИ САРТОСАРӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамарӯза мо дар тамоми олам шоҳиди воқеаву ҳодисаҳои мухталифи хатарзо мегардем, ки амнияти ҷаҳониро халалдор месозад. Проблемаи терроризм ва экстремизми байналхалқӣ имрӯзҳо яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз боқӣ монда, ҳал намудани ин мушкилии сартосарӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир гардида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бурдан ба терроризм ва экстремизм аз давлатҳои пешгом буда, барои пешгирӣ намудани ин хатари байналмилалӣ чораҳои таъхирнопазир ва муассирро пайваста роҳандозӣ менамояд. Бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизм дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба ширкат ва суханронӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд ва ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли умумии он даъват карданд.
Чуноне ба ҳамагон маълум аст, терроризм ва экстремизм дар ибтидои асри XXI чун хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, зуҳури бештар намуд. Албатта, терроризм ва экстремизм зуҳуротест, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст. Чун пайдоиши терроризм таърихи куҳан дошта, он солҳост, ки пояҳои идеологии давлатҳоро хароб менамояд. Вале зуҳури бештари он дар асри XXI хеле чашмрас аст. Имрӯзҳо давлте нест, ки аз хатару таҳдиди ин вабо дар амон бошад.
Гузашта аз ин, тайи чанд сол аст, ки терроризм ва экстремизм ба яке аз проблемаҳои умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ҳатто ба муносибатҳои байналмилалии мамолики дунё таъсири манфӣ расонида, дар коҳиш додани иқтисоди ҷаҳонӣ, вазъи сиёсӣ ва дурнамои давлатдорӣ халал ворид намуда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз хатару таҳдиди терроризми байналмилалӣ берун буда наметавонад. Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз соири кишварҳои оламро фаро гирифтааст, зуҳури терроризм ва экстремизм вазъиятро дар равобити байналмилалӣ ноором сохта, пайваста ба амнияти кишварҳо таҳдид менамояд.
Реша давондани ин зуҳуроти ҷаҳонӣ нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбубро аз вазоифи аввалиндараҷаи кулли субъектҳои давлат гардонида, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор сохтааст, ки дар ин масъала бетараф набошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои муҳимми худ ба ин масъала таъкидҳои ҷиддӣ намуда, ба аҳолии кишвар роҳҳои мубориза ба онро нишон меҳиданд. Аз ҷумла дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2019 таъкид намуданд: “Шарти муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад”. Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Имрӯзҳо инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад: “Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд», — тазаккур доданд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар партави таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавононро лозим аст, ки дар ин замони пуртазод ва хатарҳои ҳамарӯза аз ҳарвақта дида огоҳ ва ҳушёр бошем. Бо диди сулҳҷуёна дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҷамъ шуда, Ватанро аз хатарҳои фаромиллӣ ва байналмилалӣ ҳифз намоем..
Фарҳод ҚАЛАНДАРЗОДА,
магистранти Академия