ФАЛСАФАИ НАВРӮЗ: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДО

IMG_8516

Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва ҳуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашни бузург яке аз кишварҳои ташаббускор буда, дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини таърихӣ саҳми арзанда гузошт.

Дар саҳнаи зиндагии фарҳангӣ мардуми форсу тоҷик бо Наврӯз ҷашни хеле бостонӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, ба ҷаҳониён пайғоми хираду дониш, фазилатмандию инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолорӣ додааст.

Ин ҷашни аҷдодӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид.  Боиси хушнудию сарфарозист, ки дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи “Тамаддуни ҷаҳонӣ” аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Аз ҷониби ташкилоти СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд: «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдодони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».

Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда ҳамбастагӣ дорад, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ғунҷонидааст. Меҳвари ормони мардуми хушманди форсу тоҷикро аз бомдоди фарҳанги миллӣ инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ ташкил медод. Ободии иҷтимоӣ ва рифоҳи зиндагӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон ҷустуҷугар, ҳушёру зирак, меҳрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, ҷашни Наврӯз ҷашни растахези табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопӯ ва кор аст. Ҷашнҳои миллии мо (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврӯз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд.

Таърихи  шаш ҳазорсолаи он  исбот менамояд, ки расму суннатҳои наврӯзӣ, рангу тобишҳояш ҳанӯз қабл аз Ислом, аз аҳди зардуштиён, ки дар сарчашмаи ин ойини таърихӣ китоби “Авесто” зикр гаштааст, он дар тамоми манотиқи кишварамон барои насли ояндаҳо ба ёдгор мондааст.

Ормонҳои тамаддуни ориёӣ, ки аз фарҳанги волои  покии зоҳиру ботин, некӣ, ростию адлу дод, ки ишора ба пиндори нек, рафтори нек ва гуфтори нек маншаъ гирифтаанд, онро ҳамчун меъёри амали худ қарор додаанд.

Маросими ҷашни Наврӯзӣ расман бо ин суннатҳо оғоз мегардад. Фалсафаи табиат хосса дар ин айём хонаи худро покизаву нав мекунад. Инсон бояд хонаи дилро аз гарди ғам, кинаю адоват пок намояд ва боғи хотирро аз гулҳои ишқу умед ва некӣ сабзу хуррам намояд. Инсон, ки ҷузъи табиат аст, бояд хислатҳои табиатро маърифат карда чун табиат дар ин айём аз хоби сарди андешаҳои куҳнаву беҳуда бархоста, баҳори кори зиндагиро аз сар оғоз намояд ва дар сафари зиндагӣ  ҳар рӯзу моҳу солро  аз дирӯз дида хубтару беҳтар созад.

Наврӯз ҳамчун сари соли нав–айёми баробар шудани шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кори баҳорӣ таҷлил карда мешавад.  Наврӯз на танҳо дар Аҷам (Тоҷикистон, Афғонистон, Ирон), балки дар соири мамолик–Миср, Туркиё, Ӯзбекистон, Қозоқистон, Туркманистон, кишварҳои Қафқоз, Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирӣ як ифодаи меҳр, муҳаббат ва эҳтиром нисбати ниёгон ва мероси гаронбаҳои онҳост.

“Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад”.

Наврӯз ҷашни фаромиллӣ ва ҷаҳонист ва дуруст аст, ки моҳияти иҷтимоӣ доштани Наврӯз ба кулли инсоният хос аст, аммо ҷашн гирифтани он ва калимаи Наврӯз хоси миллати тоҷик аст.

Ҳар кадом шуури ҷамъиятӣ, хоҳ динӣ бошаду хоҳ сиёсӣ дар давлатдорӣ ва ё вобаста ба ҷаҳонбинӣ, ё аз нигоҳи этникӣ ба шакли мукаммал Наврӯзро пазируфтаанд. Якчанд омил ва далелҳое барои исботи ин ақида вуҷуд доранд: Наврӯз на танҳо ҷашни Сари сол аст, балки дар раванди пайдоиши олам аз олами ғайризинда ба олами зинда сароғоз мебошад. Ин ҷаҳонбинии хушку холие нест ва дар ин боб назарияҳои мукаммале вуҷуд доранд.

Наврӯз ҷашнест, ки табиат ва инсонро бо ҳам пайванди бештаре дод. Он андешаҳои иҷтимоӣ, табиатдустӣ (ё экологӣ), ахлоқӣ, зебоипарастиро дар бар мегирад, ки дар тӯли асрҳо аз ҷониби мутафаккирон тарғиб мегардид ва барои кулли инсоният дар ҳама гуна давр ва вазъ муҳим барои зиндагиаш буд ва мемонад.  Аз ин рӯ, новобаста аз тағйир ёфтани форматсия ва ё идеология моҳияти Наврӯз умумибашарӣ мемонад.

Роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз олим ва мутафаккири бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар асари хеш “Осор-ул-бақия” чунин нигоштааст: “Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ҷин ва шаётин онро ҳамл карданд ва як рӯз ба кӯҳи Дамованд ва Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд.  Ва дастаи дигар аз эрониён мегӯянд, ки Ҷамшед дар шаҳрхои зиёд гардиш менамуд ва чун хост дар Озарбойҷон дохил шавад бар сарире аз зар нишаст ва мардум ба дӯши худ он тахтро мебурданд ва чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд”.

Умари Хайём дар “Наврӯзнома”-и хеш чунин овардааст: “Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад: яке он ки ҳар се саду шасту панҷ рӯз, ба аввалин дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯз ки рафта буд. Ва чун Ҷамшед  он рӯзро дарёфт “Наврӯз”  ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидоъ карданд”.

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,

Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дай, ки гузашт, ҳар чи гӯӣ хуш нест,

Хуш бошу зи дай магу, ки имрӯз хуш аст.

Фахриддин Иброҳими Ҳамадонӣ дар “Ламаъот” меоварад:

Ё ҳаво ранги офтоб гирифт,

Рахт бардошт аз миёна зилом.

Рӯзу шаб бо ҳам оштӣ карданд,

Кори олам аз он гирифт низом.

Чун Наврӯз баробарии шабу рӯз аст, пас низом гирифтани олам дар фалсафаи ҳатто ин мутафаккири асрҳои миёна, ки аз Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар дур намерафт, низ далелест барои тақвияти гуфтаҳои боло.

Маҳмуди Гардезӣ дар асараш “Зайн-ул-ахбор” чунин меорад: “Ҷамшед Наврӯзро бо шукронаи он, ки Худованд гармову сармову бемориву маргро аз мардумон гирифт ва сесад сол бар ин ҷумла буд, таҷлил намуд ва дар ҳамин рӯз буд, ки вай савори гӯсолае сӯи ҷануб рафт ба ҳарби девон ва сиёҳон ва ба он ҳарб карду ҳамаро маҳқур кард”.

Дар кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол   бахшида ба ин ҷашни бузург бо ташаббус ва ибтикороти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз доир гардид, ки  дар ин чорабинӣ Пешвои миллат  чунин баён доштанд: “Наврӯз бо эҳёи одатҳои зебопарастӣ, меҳмоннавозӣ, накӯкорӣ ва ҷасорат дар қалби мардум, табиатро зинда карда, аз пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ хабар медиҳаду муҳаббати инсонро ба ҳаёт бештар мекунад. Чун одат ва фарҳанги мардуми тоҷик дар таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз мардум ба тоза кардани манзили худ, тамиз кардани хиёбонҳо ва кӯчаҳо, боғу майдонҳо машғул мешаванду бо пӯшидани либоси нав ҳамдигарро бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози корҳои саҳроӣ табрик мекунанд”.

Назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои фалсафию иҷтимоии Наврӯз, ки  бо ҳеҷ дин ё мазҳабе вобаста нест ва ин як ҷашни фарҳангиест, ки аз расму русуми башардӯстона ва сулҳхоҳона иборат аст.  Воқеан фалсафаи Наврӯз хусусияти ваҳдатофарӣ,  созандагӣ  ва сарҷамъиро дорад.

Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама ҷамъанд,

Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама ҷамъанд.

Маҳз  огаҳӣ аз таърих ва шинохти сурату сирати чунин суннатҳои қадимаи аҷдодонамон боиси хештаншиносиву ҳуввияти миллии мо мегардад. Ногуфта намонад, ки миллате, ки мехоҳад худро аз нобудӣ ҳифз кунад, сараввал бояд расму оин, суннат ва арзишҳои миллии худро бояд ҳифз намояд. Дар воқеъ таҷлили бошукӯҳи Наврӯз барои дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию бостонӣ тарбия кардани насли наврас, ба хусус дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврӯз аҳамияти хос касб намудааст.

Маълум аст, ки ҳар ҷомеае, ки бо хирад ва тафаккури ҷадид мусаллат аст, кори хайр барои худ ва барои дигарон анҷом дода метавонад ва ҷомеаи муосири тоҷик бо доштани савобиқи амиқи илмию фарҳангӣ дар раванди бозсозии тафаккур ва навсозии биниши миллӣ метавонад саҳми муносиб гузорад. Гузашта аз ин, хамираи Наврӯзи Аҷам бо хирад ва биниши воқеӣ сиришта шудааст ва бо қидмату навпардозӣ насл ба насл, давра ба давра ва марҳила ба марҳила то замони мо расида, ба ин тарз ба оянда мунтақил гардида, дар азнавсозии тафаккур биниш ва ҳуввияти миллӣ нақши муасир хоҳад гузошт.

Наврӯз дар замони Истиқлолият дар кишвари мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса  таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар кохе бо номи “Кохи Наврӯз” ва маҷмуаи майдони фарҳангии «Наврӯзгоҳ» бунёд гардид, ки ҳар сол дар ин майдони фарҳангӣ иди Наврӯзро мардуми кишвар ботантана ҷашн мегиранд.

Ворид намудани ҷашни Наврӯз ба феҳристи ёдгории ғайримодии ҷаҳонӣ, боз як маротиба аз кишвари азалбунёд, хиради комили мардуми асолатпарвари тоҷик гувоҳ аст. Дигар ин ки набояд насли мо фаромӯш созад, ки аз дирӯз дида, имрӯз ва фардо ҷомеаи инсонӣ ба табиати зинда эҳтиёҷманд аст ва хосса, ба ин ҷашн, ки ҷашни зебоию  фаросат, бедорию заҳмат, ҷашни паёму ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва дарки ҳакимона мебошад.

Умед аст, ки насли ҷавони даврони Истиқлол аз ин падидаи умедбахш орзуҳои зиёди доштаашонро амалӣ менамоянд ва барои зинда ва ҷовид мондани анъанаи ниёгони хеш, ки бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад камари ҳиммат мебанданд.

 

Гуландом АБИЛЗОДА,

мудири кафедраи психология ва

сотсиологияи идоракунии Академия,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Похожие записи