ШАҲОМАТИ НАВРӮЗ ДАР БОМИ ҶАҲОН

Снимок2

Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфии зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми форстабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад.

Суннат ва амалҳои Наврӯз хеле зиёданд ва аксарияти онҳо дорои рамзҳои хосса мебошанд. Баъзе рукнҳои наврӯзӣ ҳатто вақту соати муайяни иҷро доранд ва бидуни он вақту соати муайяншуда пиёда кардани ин амалҳоро пешомади бад ва фоли нохуб арзёбӣ мекунанд.

Навруз дар ин минтақаи Бадахшон бо номҳои Шогун, (Гамун) ва Хидирайём ёд мешавад. Мардуми Бадахшон хангоми таҳният ва шодбошии ҳамдигар “Шогун баҳор муборак” мегӯянд. Маънои ибораи Хидир-айём — аёми ҷашни бузург аст. Наврузро дар Бадахшон ҷашни бузург ба ин хотир номидаанд, ки сокинони он қабл аз ҷашни Наврӯз ҷашнҳои кучактареро, бо номхои хирпичор ва хирчизон таҳлил мекардаанд. Аммо чун Наврӯз мақоми вижа дошта ва бо шукӯҳу шаҳомати бештаре ҷашн мешавад, онро Хидир аём – ҷашни бузург ном гузоштанд. Аммо хирпичор ва хирчизон аз вожаи хир омадааст, ки маънии он хуршед аст, ки мардум аз рӯи мушоҳидаи ҳаракати он рӯз, моҳ ва солро ҳисоб мекардаанд. Суманак, кочи, бат ё ҳалво, ширруған, боҷ ё даля маъмултарин ғизоҳои наврузӣ дар Бадахшонанд. Бештари ғизоҳо аз гандум, орд ва шир таҳия карда мешаванд.

Яке аз рукнҳои Наврӯзи Бадахшон “Чидирдед” (шуғн. –“чидир” — чангу ғубор, “дед” – такондан, хонатаконӣ) мебошад. Аммо ин хонатозакунии муқаррарӣ набуда, қоидаҳои махсуси худро дорад. Чидири хонаро асосан занҳо ба ӯҳда мегиранд ва тамоми бурҷу шифту фарши хонаро бо ҷорӯбҳои махсус, ки саҳарии барвақт аз тарафи ҳамсояҳо баста шуда буданд (дуто савора — ба чуб басташуда ва дуто пиёда- бе чуб), тоза мекунанд. Он ҷорӯбҳоро баъди тоза кардани хона ба воситаи равзан ба боми хона мепартофтанд. Ба воситаи дари хона бароварда намепартоянд, чаро ки ғуборе, ки бо онҳо тоза карда шуд, чун “балои соли кӯҳна” фаҳмида мешавад. Баъд бо орд дар рӯи тирчӯбҳо, сутунҳо гулҳо месозанд, то онҳо аз “чидир” (ғубор) — и соли кӯҳна озод шуда шодӣ кунанд.

Баъди он ки такондани хона ва гулкорӣ (бо орд) анҷом мепазирад, аҳли хонавода бо химчаҳои тару тоза, ки рамзи рӯзгори бофароғат ва эҳёи табиат ҳастанд, ба хона ворид шуда “Шогун баҳор муборак мегӯянд ва дар посухашон соҳибхоназан, ки хонаро такондааст, “Ба рӯйи Шумо муборак” мегӯяд.

Яке аз бозиҳои наврузии кудакон дар Бадахшон килоғузғуз ё талаб-талаб аст. Кӯдакон русариҳоеро ба даст гирифта ба бомҳои хонаҳо мебароянд ва аз равзана онро ба даруни хона меандозанд. Онҳо сурудҳои вижае мехонанд, ки соҳибхона бо шунидани он бояд дар русарии ин кӯдакон шириние бибандад.

Ҳамчунин, дар Бадахшон бозиҳои наврӯзие ба мисли лаш, алвончак, буҷулбозӣ, санҷак ё колбозӣ, чангондани кабк, хурус, тухм ва амсоли инҳо маъмуланд, ки дар рӯзҳои Наврӯз баргузор мешаванд.

Аз сӯи дигар Наврӯз дар Бадахшон руӯзи махсусе барои кишоварзон аст. Онҳо дар ин рӯз ҷуфти барзаговро ба мазраъа бароварда, ба замин дона мепошанд ва шудгор мекунанд. Манзур аз ин кор фоли нек гирифтан аст. Яъне, пас аз таҳаммули сардии зимистон, ки ба хусус дар ин минтака токатфарсо аст, аз мазраъаи хеш ҳосили фаровон ва аз осмон файзу эҳсон талаб мекунанд.

Дар ин минтақа сунате ба мисли оташафрузӣ ва аловпарак роиҷ аст. Ҳангоми оташафрӯзӣ ошғоли хонаро ҷамъоварӣ карда, дар оташ месӯзанд. Аловпарак расмест, ки пас аз афрухтани оташ, бархе аз мардум як порча ё нахе аз пироҳани худро ба оташ меандозанд ва аз болои оташ ҷахида чунин мегуянд: “Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту”. Ҳамчунин, мардум ба хуршед эҳтироми зиёд мегузоранд, ки ба гуфтаи донишмандони маҳаллӣ он аз оини меҳрпарастии ориёӣ боз мондааст. Бархе ҳам вожаи Помирро мураккаб аз вожахои Пой ва Меҳр донистаанд, ки минтақаест, муртафеъ ва наздик ба хуршед. Зеро бояд гуфт, ки Бадахшон бинобар баландӣ аз сатҳи дарё бо номи Боми Ҷаҳон низ машҳур аст.

Дар маҷмуъ дар Бадахшон Наврӯзро ҷашне инсонӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, ҷашни хешовандии инсон ва табиат, ҷашни эҳё шудан, ҷашни саховат, меҳрубонӣ, авф ва хушҳолӣ, ҷашни ғамзудоӣ ва фоли нек гирифтан ва оғози азнавсозиҳо меноманд.

 

СОҲИБҚАДАМОВА Ҳ.И.,

магистранти Академия

Похожие записи