ФАРҲАНГ — СИМОИ МИЛЛАТ

Воҳид

Дар шароити нави инкишофи давлатдории тоҷикон ташаккули фарҳанги миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, таъмин ва рушди воқеии он омӯзишу пажӯҳиши доманадор ва истифодаи ҳамаҷонибаи мероси таърихию фарҳангиро тақозо мекунад. Он ҳамчун баёнгари хотираи таърихӣ, расму оин ва анъанаи миллӣ дар шинохти таъриху тамаддун ва мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик аҳамияти бузург дорад. Бахусус нақш ва мақоми ин мерос дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ беандоза калон аст.

 

Шоистаи таъкид аст, ки мо шоҳиди таваҷҷуҳи хоса ва беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг ҳастем. Сухани таърихии Пешвои миллат – “Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст” дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ҷараёни татбиқи ҳамаҷонибаи онро ҳамарӯза мушоҳида мекунем.

 

Замони истиқлол давраи тиллоӣ барои муаррифӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аст. Зеро маҳз дар даврони истиқлол соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъанаҳо, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намуд. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли мушкилотҳои соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расида, ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшидааст.

 

Муҳимтарин дастоварди замони истиқлол, ки Тоҷикистонро ҳамчун меросбари  фарҳангу  тамаддуни ғании  ниёгон бори дигар муаррифӣ кард, ин бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Боғи фарҳангиву фароғатии Аҳмади Дониш, Боғи фароғатии Куруши Кабир  ва дар солҳои наздик бунёди бинои Театри миллии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар мебошад, ки он низ яке аз бузургтарин ва беназиртарин иншооти фарҳангӣ дар минтақа хоҳад буд.

 

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдгории таърихии “5500-солагии Саразм”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб”, “3000-солагии Ҳисори Шодмон” “700 – солагии Камоли Хуҷандӣ” ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик шомили рӯйхати Мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шуданд, ки ин аз таърихӣ ва бофарҳангии миллати бузурги тоҷик шаҳодат медиҳад. Мусиқии классикии “Шашмақом” низ ҳамчун мероси суннатии тоҷикон эътироф гардидааст ва барои ворид намудани намунаҳои дигари фарҳанги моддиву ғайримоддӣ кӯшишҳо ҷараён  доранд.

 

Яке аз бахшҳои асосии фарҳанг бешубҳа ин театр ба шумор меравад, ки он дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҳар як халқу миллат басо созгор  ҳисобида мешавад. Дар воқеъ, театр имрӯзҳо низ чун солҳои пешин дар баланд бардоштани сатҳи фарҳангии мардум нақши муассир дорад. Он ҳама саҳнаҳо, драмаҳо, операҳо ва нақшҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони асили миллати тоҷик ба намоиш гузошта мешавад ин аз фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар баробари ин, мардуми табиатан фарҳангдӯсти мо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки пуштибони мероси гаронбаҳои ниёгон бошанду онро ба дараҷаи аъло рушду такомул диҳанд.

 

Имрӯз ҷавонони кишвар мехоҳанд, ки дар ин замони рушд ҳамқадами замон бошанд. Мехоҳанд либосҳои аврупоиро бештар ба бар намоянду аз либосҳои миллии худ каме дур гарданд, ки ин хатари бузург аст барои несту нобуд гардидани фарҳанги миллатамон. Агар имрӯз мо бихоҳем, ки дар радифи дигар қавму халқиятҳо бо фарҳанги худ пойбарҷо монем, пас моро зарур аст, ки барои боз ҳам зиёдтар тарғибу ташвиқ намудани фарҳанги миллии худ ҷидду ҷаҳд кунем. Имрӯзҳо мо худ шоҳиди онем, ки мардуми сайёра нисбат ба фарҳанги бузурги тоҷикон ва ба сару либоси он таваҷҷуҳи хосса доранд. Ин таваҷҷуҳи мардуми аҳли башар моро водор месозад, ки мо имрӯзҳо бо тамоми саъю кӯшиши тоҷиконаи худ сару либос, расму оин, анъанаҳои мардумӣ, хулас як фарҳанги бою ғаниро муаррифӣ намоем. Чунки ин вазифаи ҳар як тоҷики ватандӯсту ватанпарвар аст. Дар ин радиф оид ба чунин тақлидкориҳо Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ хуб гуфтааст:

 

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

 

Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,

мудири бахши хобгоҳ

 

Похожие записи