ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЭНЕРГИЯ – МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ

қувваи барқ

Неругоҳҳои барқи обии мавҷудаи кишвар зиёда аз 30 сол мавриди истифода қарор дошта, таҷҳизоти электромеханикии онҳо бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият намекунанд. Зиёда аз 50% – и таҷҳизот, шабакаҳои тақсимотӣ ва зеристгоҳҳо ба таъмири пурра ниёз доранд. Талафоти неруи барқ дар шабака 14,1% – ро ташкил медиҳад, ки айни замон ин шумора бояд ба 8 – 10% баробар бошад. Ҳамчунин зарурияти беҳтар намудани вазъияти техникии шабакаҳои тақсимкунанда ва интиқолдиҳанда низ ба миён омадааст. Вобаста ба ин, имконияти коҳиш додани талафот дар мавриди интиқол ва тақсимоти неруи барқ 4 – 6% арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, шабакаҳои тақсимоти гармӣ низ фарсуда гардида, дар ҳолати ғайриқаноатбахши техникӣ қарор дошта, дар баробари марказҳои барқу гармидиҳӣ бояд таҷдид  ва такмил дода шаванд.

 

 Қисмати зиёди таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ то 90% фарсуда гардидаанд ва аз ин рӯ истифодаи барзиёди неруи барқ дар ин соҳа ба назар мерасад. Барои истифодаи самараноки неруи барқ дар системаҳои обёрӣ ба пойгоҳҳои обкашӣ пайваст намудани муҳаррикҳои каммасрафи электрикӣ ва ҳисобкунакҳои электрикӣ барои муайян намудани андозаи воқеии неруи барқи истифодашуда зарур дониста мешавад. Инчунин андешидани тадбирҳои бетаъхир барои паст намудани сатҳи талафоти энергия дар ин соҳа роҳандозии амалҳои фоиданок, ҷорӣ намудани низом ва таҷҳизоти  муосири ирригатсионии каммасраф, обёрии қатрагӣ ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки барои баланд бардоштани самаранокии сисемаҳои ирригатсионӣ хизмат менамоянд, муҳиму муфид арзёбӣ мегардад.

 

Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари бунёди манбаъҳои нави энергетикӣ, ҳамчунин ба самаранокии энергия эътибори хосса дода мешавад.

 

Дар ин самт Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” қабул ва ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” ба имзо расидааст. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботҳои қонун ва фармони болозикр “Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи энергетика ва самаранокии энергия барои солҳои 2010-2012” қабул карда шуда буд.

 

Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор оид ба манъ намудани истифодаи лампаҳои анъанавӣ ва гузариш ба лампаҳои каммасрафи барқӣ қабул гардида буд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори мазкур дар ҳудуди кишвар чор заводи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ ва нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи барқии корношоямгардида ташкил гардиданд.

 

Имрӯз масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса пайдо кардаанд. Онҳо бевосита бо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва экологии кишвар ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ алоқаманданд.

 

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори афзоиши самаранокии технологӣ ва сарфаи энергия дар бахши саноатии кишвар 25 – 30% – ро ташкил медиҳад. Имкониятҳои назарраси коҳиш додани истеъмоли энергия дар бахши коммуналӣ мавҷуданд ва бо баланд бардоштани самаранокии энергия ва навсозии ҳароратии биноҳо алоқаманданд.

 

Мақоми давлатӣ дар соҳаи сарфаи энергия ва самаранокии энергия, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаи энергия ва истифодаи самаранок” ваколатдор шудаанд, дар ташкил ва дастгирии ташаббусҳои марбут, баланд бардоштани самаранокии энергия ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия нақши ҳалкунандаро мебозанд. Фаъолияти мақсадноки Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон омили асосии дарки нави ҷомеа оид ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамчун афзалиятнок на танҳо аз ҷониби ҷомеаи энергетикӣ, балки аз ҷониби истеъмолкунандагони охири энергия низ ба ҳисоб меравад.

 

Бояд тазаккур дод, ки татбиқи бомуваффақияти ташаббусҳои асосӣ дар соҳаи сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия танҳо бо иштироки фаъолонаи мутахассисон ва ҷомеа дар ҳалли вазифаҳои гузошташуда, дарки манфиатҳои иқтисодӣ ва экологии рушди энергияи барқароршаванда, манбаъҳо ва баланд бардоштани самаранокии энергия имконпазир аст.

 

Шаҳром ҲИСАЙНОВ,

Шоҳона ШОКИРОВА,

магистрантони Академия

Похожие записи