ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМИ ДИНӢ

Яке аз зуҳуроте, ки ҷаҳони имрӯзро ба ташвиш оварадааст, ин хатари терроризм ва экстремизм мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки агар ҷомеаи башарӣ пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро нагирад, имкон дорад, ки он ҳамаи қишри ҷомеаро ба коми маргбори худ кашад.

 

Имрӯзҳо гурӯҳҳои зиёди террористиву экстремистӣ дар нуқтаҳои мухталифи олам амал карда, ҳадафҳои нопоки худро пиёда сохта истодаанд. Дар маҷмӯъ, ба мо маълум аст, ки ҳадафи ҳамаи онҳо як аст —  ҷорӣ кардани ҳадафҳои ғаразноку нопоки худ, ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ, нест кардани фарҳангҳо, ихтилоф андохтан миёни динҳо ва дар натиҷаи он ба даст овардани фоидаи муфт.

 

Мутаассифона, аз замони пайдоиш то кунун беш аз ҳама терроризми динӣ, ки аз номи динҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонанд, бештар фаъол мебошанд. Хусусан дар манотиқи давлатҳои мусалмонӣ ва мусалмоннишин, ки гурӯҳҳои террористӣ, ки аз номи дини поки Ислом фаъолияти вайронкоронаи худро ба роҳ мондаанд, хеле зиёданд.

 

Гурӯҳҳои террористӣ ва эстремистии динӣ ҳама вақт аз номи поки дини мубини Ислом сӯистифода карда, ҷавонони камсаводу аз таълим дур мондаро ҳадафи худ қарор дода, ниятҳои нопоку ноҷавонмардонаашонро ба воситаи онҳо амалӣ месозанд. Ҳамарӯза тариқи воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ мушоҳида мекунем, ки чӣ тавр гурӯҳҳои  террористӣ бо ваҳшонияти зиёд ҳазорон нафарро кушта, ҳазор хонаводаро бесарпаноҳу дарбадар месозанд. Ба мо маълум аст, ки давлатҳое мисли Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон, ки амалҳои террористӣ дар онҳо бештар ба назар мерасад, ба чӣ харобазоре табдил ёфтаанд. Асли масъала низ ҳамин аст, ки он давлатҳое бештар мувоҷеҳи терроризми динӣ мегарданд, ки ҳокимияти диниро дар худ ҷорӣ кардаанд. Пас, аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҳадафи терроризми динӣ ва террористоне, ки аз номи дин баромад мекунанд, на ҷорӣ кардани Ислом, балки вайрон намудани гӯшае аз ҷаҳон, куштани мардуми бегуноҳ, бехонумон сохтани мардум, ба даст овардани фоида ва амсоли ин мебошад.

 

Терроризми динӣ фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлол ва якпорчагии давлат ва бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки терроризм сиёсати забткоронаи давлатҳои абарқудрат аст, ки дар натиҷа сӯйистифода аз шуури динии мардум ҳадафҳои ғаразноки худро ҷорӣ намуда, аз он сарватҳои моддиву маънавӣ ва мероси бойи тарърихиро ба манфиати худашон истифода мекунанд. Терроризм чун хатари байналмилалӣ на танҳо ба ҷони одамон қасд мекунад, балки вабоест, ки тамоми ҷомеаи имрӯзаи моро ба таҳлука овардааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ барои решакан кардан ва мубориза бар зидди ин вабои аср чораҳои муассирро пешбинӣ намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ таъкид намудаанд: “Ман борҳо таъкид кардаам, ки терроризм чаҳонро месӯзонад. Терроризм ватан, миллат, нажод, дин, мазҳаб надорад ва он ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз раҳм намекунад”.

 

Мо, ҷавононро мебояд, ки ҳама таъкидҳои Сарвари хирадманди хешро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, чун ояндасози ин Ватан дар давраи ҷаҳонишавӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафт, оромию ободии Тоҷикистони азизамон тамоми неру ва кӯшиши худро ба харҷ диҳем.

 

Мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ваъда медиҳем, ки баҳри ободии кишвари азизамон доимо камари ҳиммат баста, намегузорем, ки нохалафону душманон сулҳу субот, якпорчагӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани азизамонро халалдор созанд.

 

Маҳмадризо МАҲМАДШОҲЗОДА,

донишҷӯи курси 2, ихтисоси идораи давлатӣ

Похожие записи