ХАТАРҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

IMG_3551

Мардуми шарифи Тоҷикистон тўли солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд.

 

Агар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон назар андозем, маълум мешавад, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Инчунин, душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Аз дур истода, тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу суббот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳаракатҳо, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб намуда, онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.

 

Ҷузъи унсурии моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ набард бо ҳунару фарҳанг, ҷанг бо мактабу маориф, душманӣ бо илму огоҳӣ, нафрат ба таъриху тамаддун ва зиддият ба рушду ободӣ асту бас. Ин гурӯҳҳои хунхор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ҷалб карда, ҳаёти онҳоро хароб месозанд. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст шудани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротиён ва хусусан пайравони гурӯҳҳои терористӣ, роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои мусулмонии Шарқ, ки ғарқи гирдоби терроризму экстримизм гардидааст, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгароӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои  мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

 

Мавриди зикр аст, ки омӯхтани сабабҳои воқеии гароиши мардум ва хусусан ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ хеле муҳим аст. Ин гароиш дар таркиби худ омилҳои ақидавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад ва омӯзиши он низ фақат бо воситаи ҷамъи коршиносони воқеӣ имконпазир аст. Хуб мешуд дар ин самт нақшаи ҳар як омил дар шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои номатлуб аз тариқи илми муосир маълум карда мешуд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки агар як қисми ҷавононро фикру бекорӣ ба ин роҳ кашонад, дар мавридҳои дигар чунин гароиш ба таъсирпазирии таблиғотӣ, дастнорасии таълимоти муътадили динӣ (бесаводии динӣ) вобаста мебошад.

 

Солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистонро дар ёд дорем, ки бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид. Аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди ба ном давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расонидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардида кишвари моро чандин даҳсола ақиб партофт. Дар тули даҳ соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баҳдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид.

 

Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзу имрӯзи кишварро бо вазъи дунё қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти сартосарӣ, пешрафти иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Шукри Худо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои созандагиву бунёдкорӣ саъю талоши зиёде намуда истодааст. Дар ин раванд Роҳбари мамлакат ба неруи созандаи ҷавонон ҳамчун ояндаи миллату давлат такя мекунанд. Мо аз он ифтихор дорем, ки ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони тоҷик сол ба сол баланд шуда истодааст. Дар андешаю таманниёти Пешвои миллат ин боварию умед ба насли ҷавони кишвар боз ҳам рӯшантар гардид: “Ман ба ҷавонони қавиирода ва бо нангу номуси Ватанамон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд”.

 

Муттаъсифона, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки як зумра ҷавонон зери таъсири сомонаҳои интернетӣ, ки фаҳшу зӯровариро тарғиб мекунанд, даст ба қонуншиканиву ҷиноятҳои вазнин мезананд. Бетарафию камтаваҷҷуҳии падару модарон дар чунин ҳолатҳо хатари густурдатар шудани тарғиботи ифротгароёнро ба миён меорад. Бинобар ин падару модарон дар масъалаи шинохти масъулияти рисолати азалӣ ва таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғақриахлоқӣ, инчунин аз ҳаргуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд. Агар дар мавриди вазъи глобалии ҷаҳони муосир, таҳсири шабакаҳои интернетию сомонаҳои гуногуни ғаразнок тавваҷуҳ намоем, дарк месозем, ки дур будан аз ин идеология ва раҳоӣ аз дасисаҳо боз ҳам дар пояи ақлу заковат ва донишу маърифати калонсолон, бахусус волидон амалӣ мегардад. Дар ин замина Пешвои миллат бо муроҷиат ба ҷавонон таъкид намуда буданд, ки “Ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳаргуна дасисаю тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед!”

 

Ба қувваи бузург ва неруи созандаи ҷавонон ва мардуми меҳнатқарини Тоҷикистон Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намуда, пайваста ба баланд бардоштани сатҳи рушди арзишҳои инсонӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин мо мадуми кишвар ва хусусан ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳо сайю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини кишвар, ҳимояи ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона ва ташаббусҳои созанда намоем. Мо бо ҳисси баланди ватандорӣ, масъулиятшиносии миллӣ дар ҷодаи мубориза бо хатарҳои ба мустақилиятамон таҳдидкунанда муттаҳиду ҳамсаф ва омода мебошем.

 

Шукрулло ШАМСУЛЛОЗОДА,

директори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ,

дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия

Похожие записи