ХОИНОН ҶУЗ НООРОМ НАМУДАНИ ВАТАН ҲАДАФИ ДИГАР НАДОРАНД

Ҳукумати мамлакат оид ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа – сулҳу субот ва оромии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа дода, ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва алоқаи мардум бо давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, баҳри осоиштагии миллати тоҷик ҳама навъи чораҳои заруриро андешида истодааст. Ҳукумати кишвар ҳамеша саъю талош дорад, ки вобаста ба ин масъалаҳо фикру мулоҳизаҳои донишмандонро инъикос намуда, ба миллати тоҷик дарки воқеии поквиҷдонӣ, хидмат ба давлату Ҳукумат ва таъсири неки ҷоннисориро дар миёни халқи азизи кишвар дар шароити кунунӣ ошкор намуда, асолати онро ба миллати тоҷик дуруст фаҳмонад.

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ ба мардуми азизи кишвар таъкид мекунанд, ки масъалаи суботу амнияти давлат ва оромию осоиштагӣ дар ҳудуди мамлакат ҳамеша риоя карда шавад, то ки халқи азияткашидаи тоҷик фирефтаи ҳар навъ таблиғоти мубаллиғони душманону хоинони миллат нашуда, ваҳдату якпорчагии миллат ва тинҷию осудагии онро дар қаламрави кишвар таъмин намоянд.

 

Боиси таассуф аст, ки солҳои охир баъзе афроди хиёнатпеша ва душманони миллат ба монанди Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравонаш тамоми қонуну қонунгузориҳо ва дастуру супоришҳои раёсати Ҳукуматро нодида гирифта, ба равандҳои ифротию тундгароёна ва зиддиахлоқӣ даст зада, бо ин васила дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа ҳар гуна ихтилофу фитнаҳо ва овозаҳои бардурўғу беасосро паҳн карда истодааст.

 

Мақсади асосии ин душманону хоинони миллати тоҷик ба мисли Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравони ӯ пеш аз ҳама ноором сохтани вазъияти орому осудаи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ буда, бо ин роҳу васила мехоҳанд эътимоду боварии халқи тоҷикро нисбати давлату Ҳукумат коста намоянд.

 

Ин тоифаи тундраву ифротгаро ва хиёнатпеша ба монанди Муҳамадиқболи Садриддин ва ҳаммаслаконаш муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои миллиро ҳаргиз қабул надошта, дар миёни мардум ба паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои беасос машғул мебошанд. Ҳамаи мардуми тоҷик бо амалҳои террористӣ ва экстремистии ин гурӯҳҳои хиёнатпеша ва ватанфурўш ба мисли Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравони ў дар миёни дигар халқиятҳо шоҳид шуда истодаанд.

 

Мардуми тоҷик агар мисли солҳои қаблӣ ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст дода, ба гуфтаҳои беасосу дурўғини ин душманону хоинони миллат, ба мисли Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравони ў эътимод намоянд, пас ҳолу аҳволи миллати тоҷик чӣ мешавад? Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравони ӯ бо ин найрангҳои авомфиребонаашон мехоҳанд бори дигар миллати заҳматкаши моро фиреб дода, бо ин васила ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро амалӣ намоянд.

 

Мардуми тоҷикро зарур аст то ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, баҳри Ватану миллату марзу буми он доимо ҷонфидо бошанд. Бояд ҷавонони бонангу ори ин кишвар хуб дарк намоянд, ки Ватану миллати худро дӯст доштан ва ба муқаддасоти он арҷ гузоштан ин вазифаи муқаддасу аввалиндараҷаи онҳо мебошад. Имрӯз мо ба ҳоли кишварҳое, ки мардуми он ранҷ кашида истодаанд назар кунем, мебинем, ки ин ашхоси бехирад барои расидан ба ҳадафҳои нопоку шуми худ суботу осоиштагии миллатҳоро барҳам зада истодаанд.

 

Устодони кафедраи психология ва

сотсиологияи идоракунии

Академияи идоракунии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Похожие записи

Оставьте нам комментарий