ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – АСОСИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.
Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимон, оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд.
Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Дар баробари ин, бо донистани рукнҳои асосӣ дарк намудани иқтисодиёти миллӣ ва ё вазъи иқтисодии мамлакат низ яке аз унсурҳои муҳимтарини худшиносии миллист. Чихеле, ки доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Эргашев А. қайд кардааст: “Иқтисод оинаи миллат аст, ки маҳсули меҳнаташро акс ва дастурхонашро саршор аз неъмат мегардонад. Аз ин нигоҳ, надонистани иқтисод на танҳо асоси хирагии ақлу хирад, балки бефурӯзӣ ва нофарҷомии инсон мебошад. Бинобар ин, ҳар як инсоне, ки иқтисоди хона, корхона, ноҳия ва миллати худро надонад, оиди онҳо ақидаву андешаи амиқ, мустақилу мушаххас надошта бошад, дирӯзу фардои онро қадр карда натавонад, он баъдан дар ботлоқи нодонӣ, ҷаҳони нокомӣ, селоб ва маҷрои гилолуди ҷоҳили зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ боқӣ мемонад”.
Бояд қайд намуд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодиёти ҷавон аст ва дар ҳолати рушд қарор дорад. Чунки истиқлолияти иқтисодиро мо дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудем. Дар давраҳое, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмронӣ мекард аввалан таъсири худро ба иқтисодиёт расонид. Иқтисодиёти мамлакат бисёр хароб шуд ва дар баробари ин аз рафтору кирдорҳои ғайриинсонии баъзе аз афроди ҷомеа қариб буд ба нестӣ мерасид. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки бо сиёсати оқилонаи роҳбари худшиноси кишвар, Пешвои миллат ин ҳама мушкилиҳо паси сар шуданд ва имрӯз мо дар фазои орому осоишта басар бурда, кор ва фаъолият мекунем.
Маҳз ҳамин худшиносии миллӣ ва устувории иқтисоди миллӣ буд, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, даъвати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфтанд. Ин манофеъ ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуда Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ машҳуру маъруф мекунад.
Дар солҳои охир ба масъалаи самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсис додани корхонаҳои хурду бузург, дастгирии рушди соҳибкорӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода шуда, ҳамасола чорабиниҳои зарурӣ ба ин самт гузаронида мешавад.
Ба андешаи мо, ин ҳама пешравиҳо ва тағйиротҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба назар мерасанд заҳмати миллати тоҷик ва самараи Истиқлолият аст. Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва санадҳои махсус оид ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ карда мешаванд.
Имрӯз дар ҷамъият омилҳое ба вуҷуд омада истодаанд, ки инкишофи иқтисоди миллӣ ва зинаҳои ташаккулёбии иқтисодиётро на ин ки фақат ба захираҳои табиӣ-географӣ ва омилҳои хоҷагидорӣ асоснок мекунанд, инчунин ба мавҷудияту инкишофи фарҳанги мардумӣ ва ақидаҳои миллӣ водор мекунанд. Иқтисоди миллӣ, системаи кушодаи худинкишофёбанда ба шумор рафта, аз субъектони фаъолияти иқтисодӣ (инсон), аз инсонҳои дорандаи фарҳанги миллии мушаххас ва дорандаи менталитети миллӣ ҷудо буда наметавонад.
Аз ин рӯ, бояд оиди иқтисоди миллӣ, зинаҳои ташаккулёбии он ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза ҳамаи шаҳрвандон огаҳ бошанд, ки ин ҳам яке аз самтҳои тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин ҷузъи ҷудонашавандаи худшиносии миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Дар маҷмуъ, ин ҳама масоили дар боло зикргардида ҳар як сокини кишварро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.
Олимҷон ҶУРАХОНОВ,
ассистенти кафедраи менеҷменти Академия