НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН ҲАМЧУН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ БОСУБОТИ САНОАТИ КИШВАР

30004251254_c156565e1e_k

Ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншоот ва дастоварди бузурги иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо ташаббуси бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати болооби соҳили дарёи Вахш мавқеъ гирифтааст.

 

Мусаллам аст, ки сарбанди НБО-и “Роғун”, ки баландии 335 метрро ташкил медиҳад, баъди анҷоми лоиҳа сарбанди баландтарин дар ҷаҳон шуморида мешавад ва неругоҳ бо иқтидори 3600 МВт мерасад, ки ин бешубҳа неругоҳи барқи обии бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки аввалин агрегет 16 ноябри соли 2018 ботантана ба кор андохта шуд, ки дар он намояндагони як қатор давлатҳои хориҷӣ, бахусус кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000, созмонҳои байналмилалӣ, дипломатҳо ва рӯзноманигорони расонаҳои пешрафтаи ҷаҳон ширкат доштанд.

 

Агрегати дуюми барқи обӣ моҳи июни соли 2019 ба истифода дода шуд. 9 сентябри соли 2019 маросими тантанавии ба кор андохтани агрегати барқи обӣ баргузор гардид.

 

Ин неругоҳи барқи обӣ сарбанди сангрезаи баландкуҳ дошта, иқтидори лоиҳавии он 3600 МВт, истеҳсоли миёнаи солона 13,8 млрд кВт/соат мебошад, ки барои рушди минбаъдаи кишварҳои минтақа аз манфиат холӣ нест.

 

Мувофиқи ақидаи сармуҳандиси Консорсиуми “Трактебел-Электроконсалт”, масъули марҳилаи ниҳоии сохтмони НБО-и “Роғун”, Жан-Франсуа Норманд: “НБО-и “Роғун” як иншооти амн буда, танҳо ба ҳамаи кишварҳои поёноб фоида меорад. Ҳама уҳдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба дӯш гирифта буд, пурра иҷро мешаванд. “Роғун” як навъ роҳи абрешим барои неруи барқ аст, ки Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро мепайвандад”.

 

Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер дар маросими ба кор андохтани агрегати аввал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки НБО-и “Роғун” марҳилаи муҳим барои соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хоҳад буд, зеро он қодир аст сатҳи баланди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистонро таъмин намояд. Меҳмони олиқадр зикр намуд, ки НБО-и “Роғун” метавонад як манбаи неруи барқи хеле зарурӣ, арзон, барқароршаванда ва боэътимоди аҳолии Тоҷикистон гардад.

 

Инчунин, “Роғун” манбаи муҳимми содироти неруи барқ гардида, даромади он барои маблағгузории дигар сармоягузориҳои муҳим, аз ҷумла ба сармояи инсонӣ мусоидат менамояд ва дар навбати худ ба дигаргунсозии иқтисодиёти Тоҷикистон ва гузоштани замина барои ояндаи шукуфони кишвар мусоидат мекунад.

 

Ба ақидаи мо яке аз вазифа ва аҳамияти асосии “Роғун” ин танзими ҷараёни об аст. Ҳангоми бо иқтидори пурра фаъолият намудани неругоҳ ҷараёни об муътадил гардида, хавфи зарари он ба кишварҳои поёноб кам мегардад. Қобили зикр аст, ки ин андеша низ ба арзёбии коршиносон дар замони шӯравӣ мувофиқ аст.

 

Аз ҷумла, тибқи хулосаи Донишкадаи “Союзгипроводхлопок”-и Тошканд сохтмони “Роғун” имкон медиҳад, ки норасоии об дар ҳавзаи Амударё бартараф карда шуда, танзими ҷараёни об тавассути обанбори Роғун тақрибан 4,6 миллион гектар замини кишварҳои поёноб обёрӣ шавад.

 

Барои муайян намудани безарарӣ ва бунёд намудани “Роғун” бо ташаббуси кишварҳои фаромарзии минтақа бо Тоҷикистон ва бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ, ташхиси лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гузаронида шуд. Ташхисгарон ба хулосаи мусбӣ омада, дар мавриди бунёди неругоҳ қарори мусбат қабул намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки баланди масъулият ва боварӣ барои бунёд намудани ин иншооти бузурги аср камари ҳиммат баста, корҳои бунёдкорию барқарорсозиро дар ин самт ҷоннок намуданд.

 

Мусаллам аст, ки агрегатҳои “Роғун” баъди ба истифода додан, метавонанд то анҷоми инфрасохтори шабакаҳои барқӣ барои содироти неруи барқ ба дигар манотиқи кишвар интиқоли неруи барқро таъмин намоянд. Чуноне ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба кор андохтани агрегати аввал изҳор доштанд: “Хати интиқоли барқи 500 килловолтаи Роғун-Душанбе ва ҳамчунин, як зеристгоҳи барқӣ сохта ва ба истифода дода шудааст”.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки барои Тоҷикистон ба кор андохтани “Роғун” аҳамияти калидӣ дорад. Норасоии неруи барқ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мавҷуд буда, тӯли солҳои зиёд ба он оварда расонд, ки бо фарорасии фасли зимистон дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити сарфи неруи барқ ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа, биноҳои истиқоматӣ аз се ду ҳиссаи рӯз бе барқ ва гармӣ мемонданд ва фаъолияти аксарияти корхонаҳои саноатӣ, ба хусус дар соҳаи тиҷорати хурду миёна бинобар сабаби нарасидани қувваи барқ, номуътадил буданд.

 

Аз ин рӯ, ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтисодӣ, ва инчунин истиқлолияти энергетикии кишвар бо “Роғун” алоқамандии зич дорад.

 

Бо назардошти манфиатҳои миллию минтақавӣ соли 2015 миёни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар бораи гузаронидани ташхиси байналмилалии коршиносии лоиҳаи ин неругоҳ созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати швейтсарии Poyry Energy Ltd ҳамчун пудратчии ин ташхис интихоб гардид. Ширкати мазкур ташхиси ҳамаҷониба гузаронида, бунёди неругоҳро дар болооби дарёи Вахш мусбӣ арзёбӣ намуданд. Хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ дар бораи имкони бунёди неругоҳи “Роғун” дар силсилаи панҷуми табодули иттилоот ва мулоқотҳои машваратӣ бо 46 гурӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин мақомоти давлатии ҳамаи шаш кишвари ҳавзаи дарё, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон мусбӣ арзёбӣ гардида буд. Тавре Анна Берде, директори стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ, ки раиси ин нишастҳоро бар ӯҳда дошт, гуфт, “ин нишастҳо авҷи раванди арзёбии мустақили чаҳорсола мебошанд, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ бо истифода аз таҷрибаҳои беҳтарин анҷом дода мешаванд. Мо саъй намудем, ки ин таҳқиқот ба стандартҳои баландтарини сифати техникӣ, шаффофият ва муҳокимаи васеи коршиносон мувофиқат кунанд”.

 

Пан Ги Мун, ки он замон Дабири кулли СММ буд, кори анҷомдодаи мутахассисонро баҳои баланд дода, ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ муроҷиат намуда, дар асоси натиҷаҳои ин ташхиси байналхалқӣ хостори анҷоми музокироти иловагӣ оид ба масъалаи истифодаи захираҳои обу энергетикии минтақа шуд.

 

Бешубҳа, “Роғун” дар раванди расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ саҳми муҳим хоҳад гузошт. “Роғун” лоиҳаи на танҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, балки дар миқёси минтақавӣ низ аҳамияти бузург дорад.

 

Ифтитоҳи неругоҳи барқӣ ба рушди энергетикӣ ва саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя такони қавӣ бахшида, дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, тавсеаи савдои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, таъмини дастрасии миқдори зарурии об барои обёрӣ намудани зминҳои хушк ва ғайра мусоидт менамояд.

 

Дар айни замон “Роғун” аҳамияти боз ҳам бештари иқтисодӣ касб кардааст, зеро он дар баробари неруи барқи соф ба рушди саноат такони мебахшад, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад, ба тавсеаи савдои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ мусоидат мекунад.

 

Дар шароити иқтисоди бозорӣ “Роғун” метавонад яке аз омилҳои муттаҳидшавӣ ва рушди иқтисодии минтақа гардад. Муттаҳид намудани кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур ба иштирокчиён манфиати мустақим меорад ва имкон медиҳад, ки кафолати таъмини фаъолияти “Роғун” ба манфиати умум фароҳам оварда шавад. Ба ақидаи олимони ватанӣ фаъолияти “Роғун” ба кишварҳои минтақа фоидаовар буда, дорои хусусияти бехатарии экологӣ дорад ва барои маблағгузории бунёди он бояд ҳама саҳмгузор бошанд.

 

Тавре дар гузориши Бонки умумиҷаҳонӣ таъкид шудааст: “Аз ҳама ҷолибтарин сохтори маблағгузорӣ, метавонад маҷмуи худмаблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки сармояи хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок ва бисёрҷониба, инчунин қарзҳои агентиҳои тиҷоратӣ ё содиротӣ бошад. Чунин сохтори маблағгузорӣ метавонад шароити мусоидтаринро фароҳам оварад, аз назорати хориҷиро ба дороиҳои стратегӣ канорагирӣ кунад ва инчунин, ҷалби васеи коршиносони байналмилалиро бо мақсади фароҳам овардани кафолати риояи ҳама шартҳои мувофиқашуда ба ҳамаи давлатҳои соҳилӣ таъмин намояд.

 

Ҳаминро зикр намудан ба маврид аст, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бевосита ободу зебо гардидан, аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш рафтани мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҳаёти мардум ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон – ба истифода додани “Роғун” воқеаи беназир ба шумор рафта, ин неругоҳ метавонад дар рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

 

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва инчунин саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардиданд, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд, инчунин мавриди зикр аст, ки “Роғун” яке аз унсурҳои асосии расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад.

 

Бо бунёди комили “Роғун” ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагию бунёдкорӣ ва хештаншиносию ватанпарастии хеш дарак доданд. Мардони бонангу ор ва фидоёни роҳи созандагию бунёдкорӣ шабу рўз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани “Роғун” талош меварзиданд. Намояндагони миллати шарафманд хеле хуб дарк менамуданд, ки бунёд ва ба истифода додани “Роғун” ба ояндаи дурахшони миллат ва рушди босуботи иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Дар хотима ҳаминро қайд намудан зарурист, ки миллати бо нангу номус, бофарҳанг ва сарбаланди тоҷик аз Сарвари хеш ифтихор доранд ва кӯшиш менамоянд, ки ба боварии он кас содиқ буда, сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоянд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат ва мардуми баору номуси тоҷик сохтмони иншооти бузурги аср, “Роғун” ба итмом расида, ҷумҳурии мо ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаистодаи индустриалӣ – аграрӣ табдил меёбад.

 

Маҳмадшоҳ ДОСИЕВ,

мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи