ЧАРОҒИ ХОНАДОН

Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузуги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.  Ба ин хотир мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии занон буданаш, 8 – уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷуҳ, гул ва тӯҳфаҳо тақдимкарда мешаванд.

 

Рӯзи 8 мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.

 

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа зина ба зина баланд гардида, ҳоло 25 фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таҳсили духтарон шароити мусоид муҳайё карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун неруи бузурги ҷомеа арзиёбӣ карда, онҳоро ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб намуданд.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии занон амалӣ гардида, барои фаъолияти онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро чунин ситоиш намудаанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бо маърифат меафзояд, пешравӣ босурат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.

 

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан вобаста аст.

 

Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

 

Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

 

Абдуфайёз ҶАЛОЛЗОДА,

номзади илмҳои иқтисод,

муаллими калони кафедраи идораи давлатӣ ва

иқтисоди миллии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий