ТАШРИФИ ДАБИРИ КУЛЛИ СҲШ БА АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

IMG_2679

Имрӯз, 24 майи соли 2022 Дабири кулли СҲШ — ҷаноби Ҷан Мин дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

 

Зимни ташриф дар Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо Дабири кулли СҲШ сурат гирифт. Дар ибтидо дастовардҳои Марказ ба ҷаноби Ҷан Мин муаррифӣ гардида, сипас дурнамои фаъолият ва нақшаву ҳадафҳои гузошташуда муҳокима карда шуд.

 

Директори Маркази дустӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар вохӯрӣ иброз намуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овард. Аз ҷумла, дар таъсис додани яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳайси ташаббускор баромад намуд.

 

Созмони Ҳамкории Шанхай яке аз созмонҳои бонуфузи минтақавӣ буда, бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳамсоягии нек миёни кишварҳои узви он, инчунин таъмини амният, субот ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм таъсис дода шудааст.

 

Барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пешгузоштаи СҲШ сохторҳои гуногун дар кишварҳои узв созмон дода шудаанд, ки онҳо чун механизми том фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон яке аз қисмати ҳамин механизм буда, соли сипаригашта бо розигӣ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

Зимнан, ҷаноби Ҷан Мин бо иштирокчиён ва ғолибони бозиҳои интерактивии “Модели СҲШ” — донишҷӯён ва магистрантони фаъоли Академия мулоқот доир намуд. Мулоқот дар шакли озод сурат гирифта, дар рафти он ҳозирин доир ба мавзуъҳои дурнамои фаъолияти СҲШ, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи он ва мавқеи ҷавонон дар пешбурди сиёсати Созмони мазкур суолҳо пешниҳод намуданд.

 

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ғолибони 9 — умин бозии интерактивии “Модели СҲШ”, ки бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, аз ҷониби Котиби Генералӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Баъди анҷоми вохӯрӣ ҷаноби Ҷан Мин аз сохтори Академияи идоракунии давлатӣ дидан намуда, ба фаъолияти минбаъдаи он дастовардҳо ва муваффақиятҳои назаррасро таманно намуд.

Похожие записи