ЧИЛДУХТАРОН

61ff62e05f301_1644126944

Захираҳои табиӣ яке аз омилҳои асосӣ ва заминаи боэътимоди истифодаи рекратсионӣ ва сайёҳии марзи мамлакат мебошад, вале истифодаи воқеии онҳо тавассути омилҳои шароити табиӣ ба ташшакул ва рушди маҷмуъҳои (комплексҳо) рекратсионӣ таъсири ҷолиб мерасонад, зеро захираҳои табиӣ боиси интихоби истироҳаткунандагон ва сайёҳон мегардад. Тоҷикистон дорои захираҳои табииест, ки бошандагон ва хориҷиён ба онҳо диққати махсус зоҳир менамоянд. Воқеан ҳам, Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо куҳҳои сар ба фалаккашида, мавзеъҳои аҷибу диданӣ таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳону хориҷиёнро ҷалб намудааст.

 

Яке аз мавзеъҳои сайёҳие, ки бо диданаш шахс дар ҳайрат меафтад ин мавзеи шифобахши диёр – “Чилдухтарон” аст. “Чилдухтарон” номи куҳ буда, дар ду минтақаи қисмати шимолии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Дар асл бошад, ин муҷасамаҳо барои ҳар тамошобин  муҷасамаи олиҳаи зебои ватанпарастист. Оид  бо  куҳҳои “Чилдухтарон” байни мардуми таҳҷоии хатлонӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст, ки гуруҳе аз духтарон барои ҳифозати худ аз душманони хунхор тоб наоварда, ба сӯйи кӯҳҳо паноҳ бурдаанд. Духтарон чу мебинанд, ки аз дасти тудаи душманон шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рӯ оварда илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба ин девдастон рӯ ба рӯ насозад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷро мекунад. Бо амри Худованд ҳар яки ин духтарон дар ҷойи истодаашон ба санг мубадал мегардад.

Мувофиқи ривоятҳое, ки дар бораи “Чилдухтарон” нақл мекунанд, аз наздик дидани ин муҷассамаҳо шахсро дар ҳайрат мегузорад. Куҳи “Чилдухтарон” байни мардуми дохилию хориҷӣ аз покдомании занони тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар дохили ин муҷассамаҳои сайёҳӣ меҳмонхонаи панҷошёнае бо номи “Чилдухтарон” бунёд гардидааст ва дорои шароитҳои муосири хизматрасонӣ буда, дар як вақт имконияти қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби куҳ сохта шудаанд, дар шакли  мухталиф бунёд гардида, дар ҳамин мавзеъ ширкати “Меҳмонхона ва маркази хизматрасонии Чилдухтарон” ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхонаанд, барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд гардидааст. Дар ин хонаҳо, барои бурдубоши сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Дар меҳмонхонаи ин мавзеъ ҳамаи хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст, ки хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи талаботи ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Зуҳро ПАРДАЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи