НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

1

Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон барои миллат ва Ватан, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иқтисодию иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузургу фаромушнашавандае кардаанд.

 

Чуноне, ки таърих шаҳодат медиҳад дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқи азизамон раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд.

Заминаҳои асосии барқарорсозӣ, ташаккул ва рушди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҷомеаи мо тулли солҳои соҳибистиқлолӣ бевосита ба фаъолияти сиёсии созанда ва ислоҳоти анҷомдодаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Таҳлили дастовардҳои даврони истиқлолият исбот менамояд, ки дар барқарор кардани иқтисодиёти кишвар нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Шуруъ аз солҳои аввали асри ХХI марҳилаи сифатан нави эҳёи иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, он рӯ ба рушд овард, сатҳу сифати зиндагонӣ дар мамлакат беҳтар шуда, соҳаҳои хоҷагии халқ рушди бемайлонаро касб кард.

Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23.12.2022 қайд намуданд, зарур аст, ки ба беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шавад. Чунки маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Барои бозҳам муваффақ гаштани ҷавонони Ватан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027” қабул карда шудааст.

Тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи ҷомеа ном мебаранд, тавсияи мо ба тамоми ҷавонон ин аст, ки пеш аз ҳама дар руҳияи ватандустӣ бояд тарбия ёбанд ва аз воситаҳои муосири иттилоотию иртиботӣ ва технологияҳои ҷадид бархӯрдор буда, бояд худшиносу худогоҳ бошанд ва донишҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии хешро баланд бардоранд.

Боло бардоштани имкониятҳои зеҳнӣ дар миёни шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, мо маҳз бо донишҳои баланди худ метавонем пешбурди ҷомеаро ба даст гирем ва танҳо бо ин васила Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият пайдо карда метавонад, ки дар асри XXI ҳамчун кишвари мутараққӣ шинохта шавад.

Ислом ФАСЕҲЗОДА,

директори Пажуҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия,

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи