ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

терроризм 2

Бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2019 ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: “Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

 

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гуруҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Ҳоло давлатҳои ҷаҳон дар роҳи мубориза бо терроризм қонуну санадҳои муштарак ва инфродиро таҳия месозанд. Тоҷикистон низ  аз доираи он мамлакатҳои  гирифтори терроризм ва экстримизм, берун нест. Гуруҳҳои тундраве, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буданд, то имрӯз мавҷудияти худро аз даст надода, аз давлатҳои дигар кӯшиши ноором намудани давлати орому осудаи моро мекунанд.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар асоси санадҳои дохиливу байналхалқӣ муборизаи худро бо терроризм ба роҳ мемонад. Асосҳои ҳуқуқии муборизаи зидди терроризм дар заминаи низоми ҳуқуқӣ – Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” сурат мегирад. Дар қонун субъектҳои бевосита ва бавоситаи мубориза бар зидди терроризм дар Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Қонунҳои мубориза бар зидди терроризм таҳияшуда аз ҷониби давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хосияти шахшуда надошта, онҳо метавонанд, вобаста ба навъҳои зуҳури терроризм ва сатҳи таъсири он ба ҷомеа, тағйир ва такмил ёбанд.

Роҳҳои пешгири ба ин падидаи манфури ҷомеа:

  1. Сохторҳои марбутае, ки дар боло қайд намудем, бояд барои пешгирии ҷавонон ва шомил нагардидани онҳо ба ин падидаи хафноки ҷомеа пайваста чораҷӯӣ намоянд;
  2. Ҳар як оилаи солими мамлакатро месазад, ки фарзандҳои худро дар синни хурдӣ рӯ ба тарбияи ватандӯстӣ ҷалб намоянд, ки ба амалҳои номатлуби ҷомеа ҷалб нагарданд;
  3. Муассисаҳои олии ва миёнаи мамлакатро уҳдадор намудан лозим аст, ки дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар муассисаҳои мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст ба шумор меравад. Дар ҳаёти  имрӯзаи сокинони ҷаҳон  хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамаи моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳимми эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии кишварҳои ҷаҳон мебошад.

 

Зоирҷон ЗИЯДУЛЛОЕВ,

магистранти Академия

 

Похожие записи