ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР ВА ЗУРОВАРӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

337520474_175500138624053_5407440973320275760_n

Имрӯз гуруҳҳои террористиву экстремистӣ бо ҷомеаҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар гуруҳҳои ҷиноӣ муттаҳид шуда, хусумат ва зӯроварӣ, хунрезӣ ва низоъҳои динӣ, конфессионалӣ, қавмӣ ва ҳатто зидияти байни тамаддунҳоро таҳрик мекунанд.

 Эмомалӣ Раҳмон

 

“Экстремизм” — тамоюл ба идеяҳо ва ҳадафҳои сиёсии тунде мебошад, ки асосан бо роҳи зӯроварӣ, истифодаи қувва, инчунин методу воситаҳои нораво ва ғайриқонунӣ, инкор намудани созиш ва мусолиҳа бо рақибони сиёсӣ ба даст оварда мешаванд.

Экстремизм дар зӯроварона ғасб намудан ё бо роҳи зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат, таҷовузи зӯроварона ба амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ин мақсад таъсис додани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо, ки аз тариқи ҷиноӣ таъқиб мегарданд, зоҳир мегардад.

Бо дарназардошти ин хусусиятҳои экстремизм дар бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мафҳуми ҳанӯз эътирофи умум пайдонакардаи “экстремизми хушунатомез” мавқеи устувор касб намудааст.

Таҳти мафҳуми “экстремизми хушунатомез” майли одамон ба ақидаҳо ва амалҳои тунд, “дастгирӣ ё истифодаи зӯроварии аз лиҳози идея асосноккардашуда ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мазҳабӣ ё сиёсӣ фаҳмида мешавад”.

Соли 2016 аввалин Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул гардида, зимни татбиқи он барои ташаккули сиёсати давлатии мақсаднок ва ҳамоҳангшуда дар ин самт заминаҳо гузошта шуданд. Айни замон дуввумин Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 тасдиқ карда шудааст, мавриди татбиқ қарор дорад.

Вазифаҳои марҳилаи кунунии муқовимат ба экстремизм ва терроризм — баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар коҳиш додани таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, инчунин равнақ додани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ҳисобида шудаанд.

Амалӣ намудани ин вазифаҳо зарурати ҳамоҳангсозии зичи фаъолияти ҳама иштироккунандагони ин раванд ва ҷустуҷӯи муштараки роҳиҳалҳои мушкилоти мавҷударо бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда тақозо менамояд.

Мавриди зикр аст, ки давлатҳои иштироккунандаи ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон мафҳуми “экстремизми хушунатомез”-ро дар санадҳои қонунгузории худ истифода накунанд ҳам, онро дар созишномаҳои байнидавлатии худ, аз ҷумла дар созишномаҳои зерин расмият бахшидаанд:

-Консепсияи ҳамкориҳои давлатҳои иштироккунандаи ИДМ оид ба мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм (бо қарори Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ, аз 26 августи соли 2005 тасдиқ карда шудааст;

-Созишномаи давлатҳои иштироккунандаи ИДМ дар бораи таъминоти моддӣ- техникии мақомоти салоҳиятдор, ки мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизмро ба амал мебароранд (Ашқобод, 5 декабри соли 2012);

-Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар ИДМ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти хушунатомези экстремизм, инчунин маблаггузории онҳо (Тошканд, 3 ноябри соли 2017);

-Эъломияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ( Эъломияи Душанбе, 4 майи соли 2018);

-Эъломияи Душанбе оид ба амнияти сарҳадӣ ва ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм ва пешгирии ҳаракати террористҳо, 18-19 октябри соли 2022).

Иштироккунандагони пешгирии экстремизм ва офиятбахшӣ (реабилитатсия) ва реинтегратсияи бозгаштагон  бояд донанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама гуна шаклҳои терроризмро маҳкум намуда, онро ҳамчун тахдид ба сулҳу амният эътироф намояд ҳам, то ҳол ба коркарди мафҳуми ягона, универсалӣ ва мувофиқашудаи ҳуқуқии он комёб нагардидааст.

Гуфтаҳои боло шаҳодати онанд, ки мафҳуми ҳуқуқӣ-байналмилалии “терроризм” то ҳол рӯи кор наомада бошад ҳам, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба маҷмӯи нишонаҳои хоси терроризм ҳамфикрӣ ба назар мерасад.

Руҳулло МАҲМАДОВ

ходими илмӣ-мутахассиси пешбари Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

 

Похожие записи