Ғолибияти кормандон ва донишҷӯёну магистрантони АИДНПҶТ дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Фото фуруғ

Соли дуюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғани гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии табақаҳои гуногуни кишвар баргузор карда мешавад.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон даври академиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида буд, ки аз ҳисоби устодон, Маликшоева Шоҳбегим- сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ,  Мӯминов Мустақим-магистранти курси 2-юм, Сафарова Шоҳина-донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ ва Аминов Исмоил-донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ  фаъолона ширкат варзида сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 11 сентябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10- и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар соли 2020, аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид.

          Дар озмуни мазкур аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-нафар ширкат намуда, аз рӯи чор номинатсия сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

         Аз ҷумла, Мӯминов Мустақим, аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классикӣ” Сафарова Шоҳина, аз рӯи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, Аминов Исмоил, аз рӯи наминатсияи “Адабиёти муосир” сазовори ҷои якум ва Маликшоева Шоҳбегим аз рӯи наминатсияи “Шоирӣ” сазовори ҷои сеюм гардида, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтаанд.

Роҳбарияти Академия иштирокчиёни озмунро бо дасторвардашон сидқан таҳният гуфта, барояш комёбиҳои навбатиро дар даври шаҳри орзу намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.

Аксҳо