ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ АКАДЕМИЯ АЗ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 ГУЗАШТАНД

IMG_3958

4 майи 2021 ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ваксинаи зидди COVID-19-ро оғоз карданд.

 

Ба раёсати Академия ваксинаи алайҳи коронавирус “AstraZenecа” дастрас гардида, аз имрӯз масъулони маркази саломатии шаҳрии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба гузаронидани ваксина шурӯъ кардаанд.

 

Гузаронидани ваксина ихтиёрӣ ва ройгон сурат гирифта, нафарони ваксиншуда ҳатман зери назорат қарор мегиранд.

 

То нисфирӯз аллакай наздик 200 нафар устодону кормандон аз ваксина гузаштанд.

 

Бино ба иттилои кормандони бунгоҳи тиббӣ эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус дар Академия ду рӯз идома меёбад.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий