ҲИЗБИ ИФРОТӢ ВА ХИЁНАТМЕҲВАР

Қодиров Зоҳир.

Рушди илм ва технологияҳои иттилоотии солҳои охир, боло рафтани ҳисси худшиносии миллӣ ва маърифати динии мардум имкон дод, то ки қолабҳои зоҳирпарастӣ ва намоишкоронаи ТЭТ ҲНИ шикаст хӯрда, ҳадафу манфиатҳои нуҳуфтаи нопоки он ба ҳама фош карда шавад.

 

Аҳолии Тоҷикистонро ҷомеаи мусалмонӣ ташкил дода, дини исломро ҳамчун эътиқод берун аз доираи ҳадаф, манфиат ва бозиҳои сиёсӣ қабул намудаанд. Дар Тоҷикистон барои татбиқ намудани озодиҳои виҷдон заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷомеаҳои мутамаддин ва пешрафта ҳуқуқу озодиҳои динии инсон, хусусан озодии виҷдон ва эътиқоди диниро кафолат додааст. Муқаррароти моддаи  8– уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дунявӣ будани давлатамонро эълон намудааст, ки мувофиқи он иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Мазмун ва моҳияти озодии виҷдонро моддаи 26 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хело равшану фаҳмо шарҳ додааст, ки мувофиқи он ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

 

Дар бобати озодии виҷдон дар моддаи 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” чунин дарҷ гардидааст: “озодии виҷдон – ҳуқуқи ҳар як инсон ва шаҳрванд барои ихтиёрӣ ва мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ва ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ, инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ мебошад”. Тибқи ҳамин меъёри демократӣ ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки эътиқоди фардии худро ба дигарон, ҳатто ба хешовандони наздики худ таҳмил намояд. Мувофиқи муқаррароти моддаи 4-и Қонуни мазкур ҳеҷ кас уҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин дар назди дигарон маълумот ва ё ҳисобот диҳад.

 

Бинобар ин, бояд зикр намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин ва озодиҳои динӣ пурра дар қолаби меъёрҳои арзишӣ, миллӣ ва ҳуқуқӣ ҷой гирифтаанд. Бо сарварӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии сокинони кишвар ва поку беолоиш нигоҳ доштани дини ислом як қатор чорабиниҳои беназирро ба мисли Соли  бузургдошти Имом Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит – пешвои мазҳаби таҳаммулгаро дар соли 2009 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таълимоти он, тарҷума ва дар ҳаҷми калон ба нашр расонидани китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръони Карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозат барои фаъолияти расмии 4000 иттиҳодияҳои динӣ дар ҳудуди кишвар ва бунёди масҷиди калонтарин дар маркази шаҳри Душанбе, ташкили сафари ҳамасолаи ҳаҷ барои 6000 нафар сокини кишвар танҳо барои адои ҳаҷҷи фарзӣ, ҷиҳати аз хурофот ва маросимҳои ғайридиниву сермасраф тоза намудани оини ислом, қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ҳамин монанд иқдомҳои наҷибро рӯи кор овард, ки “сарсупурдагон”-и дини ислом ба мисли М. Кабирӣ ва аъзои ҳизби мамнуи сиёсиаш дар давоми фаъолияти расмиашон шояд ба ятиму ниёзманде аз номи ислом хайре ҳам накарда буданд, балки аз номи ислом истифода бурда манофеи шахсиашонро пайгирӣ менамуданд.

 

Аҳолии кишвар кайҳо аз найрангу бозиҳои сиёсии авомфиребонаи ходимони ҳизби террорист наҳзат огоҳ шудаанд. Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хуб медонанд, ки меҳвари фаъолияти ин ҳизби ифротиро хиёнат ва фиребу дасисабозӣ ташкил медиҳад ва дар маҳаки он заррае аз таълимот ва гуфтаҳои дини ислом дида намешавад.

 

ҚОДИРОВ З.Қ.,

муовини директори Донишкадаи такмили

ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий