ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ, ИЛМУ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГ — САМТҲОИ АСОСИТАРИН ВА АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)
Президентҳои бисёр кишварҳои демократӣдар назди Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, роҳҳои асосии тараққиёти давлат ва ҷамъиятро муайян менамоянд. Муроҷиатномаи ҳарсолаи президентҳои бисёр давлатҳои демократӣ таҷрибаи нодир дар сиёсат ва давлатдорӣ мебошад, зеро он ҳамчун яке аз усулҳое амал мекунад, ки механизми таъмини принсипи тавозуни байни шохаҳои ҳокимиятро бевосита амалӣ менамояд. Паёми Президентро метавон аз нигоҳи сохторӣ ба ду қисм: қисми аввал, ҳисоботӣ шуморид, ки Сарвари давлат дар бораи корҳое, ки мақомот, бахусус мақомоти иҷроия дар як соли охир ё чанд соли охир анҷом додаанд, ҳарф мезанад. Қисми дуюм, нишондиҳанда буда, дар он умуман аз рӯйи ҳар як соҳаи хоҷагии халқ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, тақсим мешавад.
Паём ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Презиенти кишвар амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар давлати демократии мо – Тоҷикистон паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2001 то инҷониб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши асосӣ ва бағоят муҳим доранд. Паёмҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардидаанд, бозгӯи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли миллии сиёсии Тоҷикистон ва тантанаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва дастоварди азими давлатдории миллӣ мебошанд.
Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Аз ҷониби Президенти мамлакат мустақилона муайян ва баррасӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар Паём аз соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём баён гардиданд, маҳз ба хотири ҳифзи сулҳу субот, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амнияти ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, беҳтар намудани сифати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон ва баланд бардоштани нуфӯз ва эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда шуда буд.
Баъд аз ироаи Паём ва таъкидҳои оқилона ва саривақтии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ифтихор аз давлату миллати худ баҳри рушди устувори Ватан ва беш аз пеш ободу зебо ва хуррам гардонидани он, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ саҳми арзанда ва меҳнати содиқона дошта бошад.
Аз ҷониби Президенти мамлакат мустақилона муайян ва баррасӣ гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат дар Паём аз соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Аз нигоҳи илми фарҳангшиносӣ соҳаи маориф дар низоми фарҳангии ҳар ҷомеа нақши муҳимеро иҷро мекунад. Чигунае ки маълум аст, системаи маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, тамоми табақаҳову қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ ба низоми омӯзиш иртибот дорад.
Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид доштанд: “Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Ҳамчунин, Сарвари давлат иброз намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.
Чун аз рӯи андешаи Пешвои миллат ба донишу биниш ва ҷаҳонбинии ӯ наздик шавем, имрӯз мо комилан дарк менамоем, ки Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Чигунае ки дар Паём зикр гардид, дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Ва ё дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Пас, ниҳодҳои масъули ин соҳаро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва аз бар намудани донишҳои замони муосири донишҷуён саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷонона равона созанд. Чун ки ба қавли Пешвои миллат “пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.”
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо — омӯзгорон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос мебошад, мусоидат менамояд.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём зарур донистанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиш таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Бешак, дар ҳар давру замон пешрафт ва тарақии илм дар он вақт зоҳир ва рушд менамояд, ки Сарвари давлат аз илм ва олимон пуштибонӣ намояд. Роҳбари давлат дар Паём мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин зикр намуд. Зеро, ба андешаи Пешои миллат, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Ин сиёсат созанда буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ва фарҳанг дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Мусаллам аст, ки бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон — Тоҷикистон бурду бохти ҳар як соли давлатдории миллӣ бо корбурди қиёс ба солҳои гузашта баръало натиҷагирӣ мешаванд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои бесобиқаи дар панҷ соли охири кишварро қиёс намуда, бо ифтихору қаноатмандӣ чунин иброз намуданд: “Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”.
Чун пайомадҳои гуфтаҳои болоро ба таври мухтасар ҷамъбаст созем, чунин хулоса менамоем, ки бунёди маорифи миллӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолист, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти ҷомеа, яъне наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб хоҳанд шуд. Ҷомеаи навини мо зери роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба самти фарзонагиву босаодат қадам ниҳода, омӯзиши донишҳои замонавӣ мавқеи умумимиллӣ касб хоҳанд кард. Паёми Президенти кишвар низ дар рушди соҳаи маориф, самтгирии асосӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ мебошад.
Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академия,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент