ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

313436446_2545915482238991_8214367171351007794_n

23 декабри соли 2022 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки зимни он масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

Мусаллам аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсати ягонаи давлатии молиявию андозӣ ва буҷетиро ба роҳ монда истодааст. Имсол низ ин масъала зимни ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардид. Дар ин росто, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки: “Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд”. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта, дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 38 фоиз зиёд мебошад. Дар ин замина, Пешвои миллат Вазорати молияро дастур доданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани принсипҳои банақшагирии стратегӣ ва низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ доир ба масъалаҳои интизоми молиявӣ, тақсимоти самараноки захираҳо, шаффофияту тобеият ва таҳияи босифати буҷети давлатӣ, инчунин, рақамикунонии соҳа чораҳои амалӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 бодарназардошти оне, ки барои сокинони баъзе кишварҳои ҷаҳон давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихӣ ба ҳисоб мерафт, барои сокинони Тоҷикистони азизи мо, соли бобарор арзёбӣ гардид. Ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ иброз доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар, таҳти сарварии хирадмандонаи Роҳбари давлат дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум кишвар тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, ки он ба 2,1 баробар зиёд гардид. Ин нишондиҳандаҳо имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 оварда расонад.

Чунонки ба ҳама маълум аст, дар панҷ соли охир инсоният зери таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардидааст. Алалхусус, соли 2022 барои сокинони саёра соли вазнин ва мураккаб буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, ки таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ дар солҳои охир вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ин мушкилҳои пешомада нигоҳ накарда, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳронӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуда шуданд. Масалан, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 нисбати гуруҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ амалӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ аз тарафи Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Дар ин замина, иқдоми дигари пешгирифтаи Пешвои миллат ин вазифадор намудани Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав бо дарназардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешниҳод намудани он ба Ҳукумат мамлакат буд. Вобаста ба ин, 23 декабри соли 2021 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки он аз 1 январи соли 2022 амал кард.

Дигар масъалае, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ин беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи афзалиятҳои стратегии давлат ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Борои ҳали ин масъала,  аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва дигар муассисаҳои дахлдор 20 фоиз, инчунин аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз зиёд карда шавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар баробари татбиқи намудани сиёсати давлатии молиявӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело муҳим ва назаррас мебошад. Зеро, дар фаъолияти молиявӣ Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян намуда, вазоратҳо, кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, ба қонунҳо имзо мегузорад, низоми пулиро муайян мекунад, ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъину озод мекунад ва ғ.

Имрӯзҳо Президенти кишвар ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳанд, зеро маълум аст, ки шарти зарурии фаъолияти самараноки иқтисодиёт дар маҷмуъ ва низоми молиявии кишвар мавҷудияти сатҳи хеле рушдкардаи низоми самараноки назорат дар тамоми соҳаҳо мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳанӯз аз 22 декабри соли 2016 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар ин самт чунин супориш дода буданд: “Иҷрои саривақтӣ ва босифати қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро таъмин намуда, оид ба истифодаи шаффоф ва самараноки ин маблағҳо барои татбиқи афзалиятҳои рушди кишвар чораҳо андешанд”.

Бояд қайд кард, ки ҳамаи ташаббусу иқдомҳои дар боло номбаршуда, бевосита таҷассумгарии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошанд. Маҳз, сиёсати Сарвари давлат дар ин самт аст, ки дар Тоҷикистон сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ҷорӣ карда шуда, фазои озоду шаффоф, ҷиҳати рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар фароҳам оварда шудааст.

 

Ҷумабек РУСТАМЗОДА,

сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи