ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМ

13161757_1161741050523559_7400580976402122211_o

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро аз ҷониби давлат кафолат додааст. Кафолатҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар қонунгузории амалкунанда таҳким гардидаанд.

 

Савдои одамон ҳамчун ҷинояти хавфнок дар ҷаҳони имрӯза хусусияти фаромиллиро касб намуда, яке аз ҷиноятҳои вайронкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Дар ҷаҳони имрӯза меҳнати маҷбурӣ, ҷалбкунӣ ба фаъолияти шаҳвонӣ ва дигар намуди ҷинояти савдои одам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол намуда, кафолатҳои конститутсионии амалишавии онҳоро халалдор сохта ба яке аз ҷузъи тиҷорати байналмилалии ҷиноятӣ табдил ёфтааст. Зеро, ҷинояти савдои одамон шаклан ба қурбоншавии ҳаёти одамон ва дар натиҷа ба манъи ҳуқуқ ба озодии ҳаракат, меҳнати маҷбурӣ, дахлнопазирии ҷинсӣ, ҳабси ғайриқонунӣ дар ягон ҷойи қаблан аз ҷониби гурӯҳи муташаккил муайянгардида ва садҳои ҳуқуқвайронкуниҳои дигарро дар бар мегирад.

Тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба муқовимат ба савдои одамон тавре татбиқ карда мешаванд, ки шахс сарфи назар аз нажод, ҷинс, ранги пуст, эътиқоди динӣ, синну сол, вазъи оилавӣ, забон, фарҳанг, ақидаи сиёсӣ ва дигар ҳолатҳо набояд қурбонии савдои одам гардад. Қисми зиёди қурбониёни савдои одамон ки мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд занон ва духтарони ноболиғ буда, мардҳо бошанд бештар объекти истифодаи меҳнати маҷбурӣ мебошанд.

Бо назардошти вайроншавии ҳуқуқҳои инсон дар натиҷаи содир гардидани савдои одамон Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон чандин санадҳои байналмилалиро дар самти мазкур эътироф намуда, қонунгузории дохилиро бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 пас аз ба имзо расидани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997, №485 “Дар бораи авфи иштирокчиёни муқовиматҳои ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, барқарорсозӣ ва таҷдиди неруҳои мусаллаҳ ва сохтори воҳидҳои низомии ҷумҳурӣ оғоз гардид. Бо вуҷуди ин, баъзе аз гурӯҳҳои мухолиф дар кишвар гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳро ташкил намуда, фаъолиятро дар кишвар идома доданд. Шумораи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки бо истифода ва ё таҳдиди силоҳи оташфишон содир мегардиданд дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, ҳолатҳои одамрабоӣ бо мақсади савдо ҷой доштанд. Дар васоити ахбори омма низ наворҳои ғайб задани одамон, инчунин интиқоли одамон ба хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани узвҳо ва бофтаҳо пайдо гардиданд.

Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъияти ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумхурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи Конститутсия ва конунхои ҷумхурӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ соли 1998 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосу принсипҳои ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намуда, намудҳои ҷазою чораҳои дигари дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро барои содир кардани онҳо муқаррар намуд. Аз ҷумла, боби 17 кодекси мазкур ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсиятро дар бар гирифта, моддаи 130 масъалаи хариду фурӯши одамонро мавриди танзим қарор додааст.

Дар робита ба асосҳои дар боло зикргардида метавон гуфт, ки  мубориза ба зидди ҷинояткорӣ яке аз воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одам мебошад. Зеро,  маҳз таҳдиди татбиқи ҷазо тавассути Кодекси ҷиноятӣ барои пешгирии содир гардидани ҷинояти савдои одамон омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Санади меъёрии ҳуқуқии дигари ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одам  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон” 15 июни соли 2004 ва бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон мавриди танзим қарор додааст. Мувофиқи қонуни мазур шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии ӯ, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ӯ ба пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурӯш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд ҳамчун қурбонии савдои одам муқаррар гардидааст. Қонуни зикргардида ҳамчунин мафҳуми қурбониёни имконпазири савдои одамонро низ муқаррар намудааст, ки шахсони ба оворагардӣ, гадоӣ машғулбуда, кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, кӯдакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин дигар шахсоне, ки дар ҳолати аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок ё осебпазири барои нисбати онҳо содир гардидани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда қарор доранд, мансуб дониста шудааст.

Расонидани кӯмак ба қурбонии савдои одамро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тавонбахшии иҷтимоии онҳо, инчунин расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак муқаррар намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, ҳуқуқи қурбониёни савдои одамон таввасути санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аксари санадҳои байналмилалиро эътироф намудааст. Аз ҷумла, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза  ба муқобили хариду фурӯши одамон ва истифодаи онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм (соли 1949), Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки ба хариду фурӯши кӯдакон, фоҳишагарии кӯдакон ва шаҳвонияти кӯдакона (соли 2000), Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин дигар санадҳои дигари ҳуқуқи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамро ҳимоя менамояд, ба тасвиб расонидааст.

Ҳамчунин, ҳуқуқи қурбониёни савдои одам таввасути таҳия гардидани стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳифз карда мешавад. Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус дода, аз 1 марти соли 2019, №80 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 қабул гардидааст.

Нақшаи миллии зикргардида дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одам” таҳия гардида, маҷмӯи чорабиниҳо оид ба муқовимат ба савдои одамонро дар бар гирифта ва бахусус дар боби 2 оид ба ҳимояи қурбониёни савдои одамон ва расонидани кумак ба онҳо муайян гардидаанд. Мувофиқи нақшаи миллии қабулгардида вазорату идораҳои дахлдор фаъолияти хешро аз рӯи чорабиниҳои дар нақша муайянгардида роҳандозӣ намуда, ҳамчун субъектони муқовимат ба савдои одамон аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд пойдевори рушди устуворро замина гузошт. Баҳри муқовимат бо савдои одам Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои судбахшро роҳандозӣ намуда, қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ баҳри расонидани кӯмак ва ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамро бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудааст.

Баҳри расонидани ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро пайваста роҳандозӣ намуда, инчунин махфият ва ҳифзи шахсияти қурбонии савдои одамро дар рафти баррасӣ ва қатъи парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешавад.

Табиист, ки қурбониёни савдои одам дар баробари кумаки ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба кӯмаки равонӣ низ эҳтиёҷ доранд. Такмили ихтисоси равоншиносони касбӣ баҳри машварат ба қурбониёни савдои одам мувофиқи мақсад буда, дар ин росто пешниҳод менамоем, ки дар асоси барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон бо равоншиносони касбӣ тренингҳо гузаронида шавад. Тадбири мазкур барои машварати ройгон бо қурбонии савдои одам барои барқарор кардани ҳолати равонии онҳо самарбахш хоҳад гардид.

 

Савлатбӣ ИЗЗАТУЛЛОЕВА,

муовини декан оид ба илми факултети идоракунии давлатии Академия

 

Похожие записи