ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дастгирии давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат ба онҳо вобастагӣ дорад. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ба як падидаи ҷолиб мубадал гашта, бо ташаббусҳои наҷиб ба анҷом мерасад. Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи Президент барои хонандагон, Квотаи Президент барои ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати кишвар дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президент барои варзишгарон, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, ҳарбиву варзишӣ ва ҳоказо аз дигар иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали роҳбарӣ ба ин неруи созанда такя намуда, бо ҷавонон силсилаи вохӯриҳоро доир намуд. Вохӯриҳои Сарвари давлат ва суҳбату мулоқотҳо дар ҷараёни сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои зиёдро ба миён оварданд. Дар ин давра соҳаҳои ҷавонон ва варзиш, ки таҳти дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат қарор доранд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат дар ҳама сафарҳои корӣ, дар дохил ва дар хориҷи кишвар мунтазам бо қишри ҷавони ҷомеа дидору мулоқотҳо анҷом дода, аз ҳаёту фаъолият ва мушкилоти онҳо пурсон ва ба ҳалли онҳо мусоидат мекунад.
Бо ибтикори Президенти кишвар ҷиҳати ҷисману рӯҳан солим тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон дар тамоми манотиқи кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ ва иншооти соҳаи варзиш бунёд шуда, ҷавонон ба роҳи росту аз худ намудани донишҳои муосир, техникаву технологияҳои асри нав, фаъолияти бунёдкоронаву созанда ва соҳибӣ намудани давлату миллати хеш ҳидоят карда мешаванд. Ин аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар мамлакат беш аз 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Сол то сол арзиш ва манзалати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос пайдо карда, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ва пуштибонии мардуми шарифи кишвар чун санаи муқаддаси таърихӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус, ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост.
Саидакрам ИБРОҲИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи магистратураи Академия