ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ КУРСИ “ЗАН — САРВАР” ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

IMG_9380

Даври сеюми курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи “Зан-сарвар” дар вилояти Суғд бо иштироки ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академия Исматов Сомон Сулаймонович ва ҳамоҳангсози курси Исматуллои Шерхон ҷамъбаст гардид.

 

Даври сеюми курси мазкур аз 25 октбяр то 1 ноябри соли равон идома карда, омӯзгорону лекторон дар раври сеюми курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дарс гуфтанд.

 

Дар курси мазкур 25 нафар занони фаъолу лаёқатманди хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар шаҳри Хуҷанд ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

Дар ҷамъбасти даври сеюми курси мазкур ректори Академия Ғафурзода А.Д. иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

 

Ёдвар мешавем, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони “Зан – сарвар”-ро дар саросари ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст.

 

Даври чоруми курс аз 22 то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

 

Шунавандагони курс баъди даври чорум соҳиби шаҳодатнома аз рӯи барномаи “Зан — сарвар” мегарданд, ки барои болоравии мансабии онҳо нақши муҳим мебозад.

Похожие записи