ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАРБУТ БА ОБУ ИҚЛИМ

Lider-natsii-Emomali-Rahmon

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки вобаста ба пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид саннаи 14-уми декабри соли 2022 дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” якдилона қарор қабул карда шуд, ки обрӯву  эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам баландтар бардошт. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди дунёи сиёсат дар ҳалли мушкилотҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ маъруфу маҳбуби оламиён гардид.

 

“Воқеан, қабули ин қарор дар тамоми ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”. Зеро об қисми таркибии замин буда, қариб 71 фоизи кураи заминро (уқёнусҳо, баҳрҳо, пмряхҳо, дарёҳо кӯлҳо ва ғайраҳо) иҳота кардааст. Лекин қисми зиёди захираҳои оби олам шӯр аст. Обҳои ширин ҳамагӣ 35029000 метри кубӣ  ё худ 2,35 фоизро ташкил мекунад.

Тоҷикистони мо дорои захираи бойи оби тоза буда, дарёҳои бузург, ба мисли Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сир, Зарафшон, Сурхоб ва ғайраҳо асрҳо инҷониб ҷараён доранд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ об ба “ҳисоби миёна соле 62,0 км3-ро  медиҳад, ки 12 км3 дар қаламрави ҷумҳурӣ сарф мешавад”. Захираҳои оби  Тоҷикистонро пиряхҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил мекунанд. Захираҳои оби диёри мо ду намуданд: захираҳои оби абадӣ (оби қабатҳои чуқури замин, пиряхҳо кулҳои калон ва ғайра) ва захираҳои оби барқароршаванда (оби дарёҳо, захираҳои тағирёбандаи обҳои зеризаминӣ, як қисми оби кӯлҳо ва ғайра). Ин захираҳо аз ҳам вобастагии сахт доранд. Масалан, агар захираҳои абадӣ аз ҳад зиёд истифода бурда шаванд, ин ба захираҳои барқароршаванда таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 987 дарё, 1300 кӯл ва 200 чашмаи шифобахш мавҷуд мебошад. Кишвари мо, ки 93%-и қаламраваш кӯҳсор аст, яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ буда, 62%-и захираҳои обии Осиё Марказиро ташкил медиҳад. Инчунин, пиряхҳои Тоҷикистон низ манбаи захираи оби нӯшокӣ буда, ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 9550 пирях бо масоҳати умумии 8,5 ҳаз км2 қариб 6% масоҳати Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар ин пиряхҳо қариб 460 км3 оби нӯшокии сифати баланддошта маҳфуз аст. Ба таври дигар, дар ин пиряхҳо 52% захираи умумии оби нӯшокии тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст. Аз ҳама калонтарин минтақаи пиряхи ҷумҳурӣ Помир буда, масоҳати умумии онҳо ба 7100 км2 расида, дар якҷоягӣ нисбати тамоми пиряхҳои минтақаи Қафқоз 3,5 баробар зиёд мебошад. Дар Помир 16 пирях мавҷуд аст, ки дарозии бештар аз 15км доранд. Яке аз калонтарин пиряхи минтақаи кӯҳсори ҷаҳонӣ Федченкон 75км дарозӣ дошта, масоҳати он ба 907 км2 мерасад.

Солҳои охир аз сабаби тағйирёбии иқлим, гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво ва сохтани корхонаҳои бузурги саноатӣ дар минтақа сабаби об шудани пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду калони Тоҷикистон, ки барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 31 соли охир беш аз 1000 пирях ба ҳолати нобудшавӣ расидааст. Тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво ин ба ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҷаҳон боис гардида, афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ, зиёд шудани бемориҳои гуногун, хушкшавии заминҳо, нобуд шудани ҳайвонҳои нодир ва растаниҳо сабаб гардидааст. Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим ва гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво ин сохтани неругоҳҳои атомӣ ва партовҳои зиёди корхонаҳои  саноатӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин нарасидани оби ошомиданӣ дар байни аҳолии ҷаҳон мебошад. Аз рӯи малумотҳои оморӣ ҳоло 750 миллион нафар одамон дар ҷаҳон ба оби ошомиданӣ ва 2,5 млрд нафар ба шароити кофии беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва тақрибан 1,3 млрд. нафар одамон ба неруи барқ таъмин нестанд. Офатҳои табиӣ марбут ба об ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи беш аз 60 то 70 млрд. доллари амрикоӣ ҳисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба сарчашмаҳои василаҳои зиндагии зиёда аз 1,2 млрд. одамон дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Аз рӯи дурнамои олимони соҳа шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 ба 9 млрд нафар мерасад, ки ин ба афзоиши истеъмоли об боис хоҳад шуд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории “Иқтисоди сабз” буда, барои  пешгирии тағйирёбии иқлим дар сайёра ва бо оби ошомиданӣ таъмин будани аҳолии ҷаҳон бо пешниҳодҳои созандаи худ талош хоҳад кард. Чуноне, ки мутафаккири бузург Бен Франклин қайд кардааст: “Мо танҳо баъд аз хушк гардидани тамоми чоҳҳо ба қадри об хоҳем расид”. Аз ин хотир моро ин масъала водор месозад, ки аз захираҳои обии ҷумҳурӣ самаранок истифода бурда, аз ин неъматҳои Худододи табиӣ шукргузорӣ кунем.

 

Афзалшоҳ БОБОЗОДА,

муовини сардори раёсати таълими Академия,

доктори илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси бизнес-мудирияти соҳибкорӣ

Аксҳо

Похожие записи