АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ МАҲОРАТУ МАТОНАТ

324337401_1650752075394939_2892564750469445788_n (1)

Замоне буд, ки дар кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ сар зад. Сокинони осоиштаи мамлакат аз Ватан фирор карданд. Ҳама шохаҳои ҳокимият, вазорату идораҳо ва тамоми соҳаҳои афзалиятноки кишвар рӯ ба нестӣ ниҳоданд. Дар қатори ин ҳама мақомотҳои қудратии мамлакат низ фалаҷ гардид.

 

Он замон шахсияте лозим буд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш намояду ба миллат роҳбарӣ кунад. Худои меҳрубон ба сари қудрат абармарди дунёи сиёсат — Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард, ки ба мо, тоҷикон сулҳу субот, тинҷию оромиро пойбарҷо намуданд. Аз давраи барқарор гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Иди Артиши миллиро дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ҳаммаи сокинони осоиштаи кишвар таҷлил менамоянд.

Ҳанӯз дар айёми низоъҳои таҳмилии шаҳрвандӣ гуруҳҳои мухолифин ва душманони миллати тоҷик кишвари нав истиқлолият ба даст овардаи моро қариб ба нестӣ мебурданд. Давлату миллат ва сокинони ҷомеаи шаҳрвандиро оғуштаи хуну ҷангу ҷидол намуда, қатлу куштор, талаву тороҷ ва бесару сомон сохта, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва миллати тоҷикро қариб аз байн мебурданд.

Хизматҳои наҷибонаи Сарвари давлат барои бунёди давлату миллат, сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, баргардонидани гурезагон ба ватан, таъсиси вазорату идораҳо, таъсиси ҳаммаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, таъмини амнияту суббот, ташкили артиши боэътимод ва ғайраҳо, ки аз сифр оғоз гардида буд аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд ва маҳорату малакаи касбии худро барои ободию оромию сулҳу субот равона карда буданд. Маҳз бо азму иродаи қавии ин марди оқилу доно ва тавоно мо соли гузашта 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем ва инак 30-солагии Артиши миллиро низ ҷашн хоҳем гирифт.

Нақши Роҳбари давлат дар таъсис додани Артиши миллӣ басо назаррас мебошад. Пешвои миллат дар омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва такмил додани малакаву маҳорати баланди касбӣ, аз нав барқарор намудани иншоотҳои ҳарбӣ ва соҳибкасб кардани мутахассисони ҷавони соҳа ва ғайраҳо нақши муассир доранд.

Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ба шумор рафта, ҳифзи сарҳадот ва якпорчагии кишварро дар фазои сулҳу осоиштагӣ таъмин намуда, душманони хоинро намегузорад, ки пои нохалафи худро ба марзи аҷдодонамон гузоранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ ва Қӯшунҳои зудамал буда, барои саҳми назаррас доштан дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва бартараф кардани хавфу хатарҳои ҷомеаи ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бо қувваҳои мусаллаҳи дигар кишварҳо машқҳои муштараки низомиро дар мӯҳлатҳои муайян доир менамояд.

Марзбонон ҳастанду душманони миллати мо марзи моро убур карда наметавонанд ва сокинони осоиштаи мамлакат оромонаю озодона умр ба сар мебаранд ва пайи кору фаъолият қарор доранд. Ин ҳама тинҷию оромӣ аз бедорхобиҳои кормандони мақомотҳои дахлдор ва аз ҷасорату мардонагии афсарону сарбозони марзбони мо сарчашма мегирад.

Ҷавонони саодатманди диёр бояд шукронаи сулҳу субот, тинҷию оромӣ, рушду нумӯи кишвари азизамонро намоянд ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил шуда, барои ҳимояи давлат ва марзу буми аҷдодонамон содиқонаву софдилона қарзи шаҳрвандии хешро ба ҷо биёранд.

Артиши миллӣ барои мо, ҷавонон мактаби маҳорату матонат буда, мардонагиву ҷасорату шуҷоатро меомӯзад. Ҳамин аст, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Ҷувваҳои Мусаллаҳ зиёд гардида истодааст.

Таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар иду ҷашнҳои миллӣ дастоварди муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, арзи вуҷуди он барои ҳимояи давлат аз хатари душманон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат мебошад.

30-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, аскарону афсарони шуҷои Ватан ва ҳамдиёрони азиз!

 

А.ҶУРАЕВ,

донишҷӯи Академия

Похожие записи