АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА ҶАШНУ ОЙИНҲОИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

images

Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманд,  муаррифгари маданияту тамаддуни инсонҳо дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири ҳар халқу миллат нақши назаррас дорад.

 

Инкишофи фарҳанг аз рўи қонуни пайванди наслҳо ё худ қонуни ирсият, конуни томияти таърихӣ, рўҳияи миллӣ сурат мепазирад ва вазифаҳои он аз пайванди шахс ва ҷомеа, воситаи бедории эҳсосот ва тафаккур, нишондиҳдандаи пешрафти ҷомеа, иҷрокунандаи мақсаду ҳаёти инсон, ташаккулдиҳандаи шахсияту тафаккур ва шуур  иборат мебошад.

Тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи беш аз 6000–сола мебошанд. Ин миллат, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар ва ҳамчунин илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор меравад. Тоҷикон дар тули мавҷуди худ расму ойин ва ҷашну анъанаҳо аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва ғайраро эҳё намудаанд, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ҳануз моҳияти иҷтимоии худро аз даст надодаанд. Махсусан Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд. Омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд. Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун ойини беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд, ёдовар шудан ба маврид аст, ки. ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш дар ҷаласаи ботантана бахшида ба муносибати 30–солагии Истиқлоли давлатӣ қайд намуданд: “Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон мо тайи сӣ сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро баргузор намудем. Ҷашни 1100–солагии давлатдории Сомониён, 2700–солагии китоби муқаддаси “Авасто”, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150–солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000–солагии Носири Хусрав, 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700–солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700–солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700–солагии шаҳри Кӯлоб, 2500–солагии шаҳри Истаравшан, 3000–солагии маданияти Ҳисор, 5500–солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин раванд, мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем. Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши беш аз шашсолаи мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000–сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо–Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Мо ҳамчунин, барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои мушаххас андешидем. Дар натиҷа “Шашмақом”, “Саразм”, “Боғи миллии Тоҷикистон”, “Наврӯз” ва “Чакан” ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Сарвари некхоҳу некбини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба сари қудрат омадан дарк намуданд, ки ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Муҳиммияти дигари ин  падидаи асили фарҳангӣ аз он иборат аст, ки имрӯзҳо инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст ва маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад. Имрӯз мо бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон Наврӯз, ин ойини бебаҳои аҷдоди худро эҳё кардем ва барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё намудем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, нақши фарҳангро дар рӯзгори иҷтимоӣ ва рушди маънавии ҷомеаи муосири ҳар халқу миллат чун падидаи бузург ва арзишманду муассир арзёбӣ намуда, онро муаррифгари маданияту тамаддуни башарият меҳисобанд.

Пешвои миллат 15 апрели соли 2009 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид намуданд, ки “Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накардааст. Бо мақсади рушди ҳарчи бештари соҳаи фарҳанг ва дастгирии аҳли илму адаб Ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо менамояд, ки дар се соли охир ҳаҷми он беш аз дуюним маротиба афзудааст. Мо имрӯз дар марҳалаи такомули давлати миллии худ қарор дорем. Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае мебошад. Аз ин рӯ, сиёсати фарҳангии мо ба омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарии онҳо ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст”.

Пешвои миллат рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди онро,  инчунин эҳё ва истифодаи осори умумибашарии бузургонро, ки дар раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ воситаи созандае мебошанд, дар мадди аввал гузоштаанд.

Тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24 апрели соли 2010 омадааст: “Барои мо ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳое мебошанд, ки дар офариниши тамаддуни башарӣ саҳми арзандаву босазо доранд. Тоҷикон дар тӯли таърихи куҳанбунёди худ фарҳанги баланд ва тамаддуни моддиву маънавии ҷовидона ба вуҷуд овардаанд, ки ҷаҳониён онро эътироф ва истифода мекунанд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ нишонаи возеҳи ин гуфтаҳост. Дар ин давраи тақдирсоз рӯ овардан ба осори гузаштагони маъруфи халқи тоҷик ва тамаддуни оламшумули он дар тақвияти раванди ташаккули андеша ва худшиносии миллӣ, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи созандае мебошад. Аз ин рӯ, омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, аз ҷумла эҳё ва истифодаи осори умумибашарии фақеҳи бузург, поягузори яке аз мазҳабҳои бонуфузи дини мубини ислом — Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ӯ эълон шудани соли 2009 аз ҷумлаи тадбирҳои муассири фарҳангӣ дар ин самт буд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар як давлат – ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад”.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли  2010  ҳамчунин ёдовар гардиданд, ки  “Дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои ҳифзу тармими онҳо ҳукумат ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. Умуман, хароҷоти соҳаи фарҳанг сол то сол афзоиш ёфта, танҳо дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2009-ум 60 фоиз зиёд гардидааст, ки 214 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра ташкили Консерваторияи миллӣ, таъмиру азнавсозии Театри опера ва балети ба номи Айнӣ, Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ, Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, “Кохи Тоҷикистон”, “Кохи Ҷомӣ”, қасрҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлобу Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таҷҳизоту асбоб таъмин кардани онҳо, инчунин як қатор мамнуъгоҳу ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Ҳулбук ва Саразм ба анҷом расонида шуд. Дар айни ҳол сохтмони Китобхона ва Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст. Вобаста ба масъалаҳои зикршуда ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки барои  нигоҳдории мероси таърихию фарҳангии халқамон пайваста тадбирҳо андешида, ҷиҳати ба феҳристи умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгориҳои нодири таърихии Тоҷикистон ташаббус нишон диҳад”.

Ҳанӯз дар Паёми соли 2011 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи соҳибфарҳангу тамаддуни бостонӣ будани тоҷикон таъкид намуда, чунин ибрози назар намуданд: “Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Рӯйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид. Барои ба ин рӯйхат тавассути барномаи трансмиллии “Шоҳроҳи бузурги абрешим” ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз қабили “Шаҳраки қадимаи Панҷакент”, “Шаҳри Бунҷекат”, “Қалъаи Ҳисор”, “Маъбади буддоии Аҷинатеппа”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, шаҳри “Тахти Сангин”, “Шаҳри Ҳулбук”, “Қалъаи Ямчун” корҳои тадқиқотӣ идома доранд”.

Сарвари давлат фарҳангро  дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳимми тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, бахусус ҷавонон ҳисобида, таъкид менамоянд, ки фарҳанг дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа метавонад нақши калидӣ дошта бошад. Вобаста ба ин масъала, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 чунин қайд намуданд: “…Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ низ беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Солҳои охир дар ин соҳа як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат ва ҳамзамон бо ин шиносонидани кишвари соҳибистиқлоли мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Қобили зикр аст, ки имрӯз аҳли фарҳанги тоҷик чи дар офариниши асарҳои саҳнавӣ ва чи дар филмофарӣ бо ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ қадр гардида, фарҳангу ҳунари миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Бахусус ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф ва таҷлил гардидани Наврӯз — ҷашни миллӣ ва суннатии тоҷикон бори дигар мардуми моро ҳамчун миллати фарҳангсоз ва дорои таърих, анъана ва тамаддуни қадима ба ҷаҳониён шиносонид, ки барои ҳар як фарди худогоҳ мояи ифтихор ва сарфарозист”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ доир ба масъалаҳои ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамзамон гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллиро  пеш аз ҳама, маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ ҳисобидаанд, чунки  бе ин ягон халқу миллат ҷавҳар ва асолати худро маҳфуз дошта наметавонад ва ботадриҷ дар гирдоби таърих беному нишон мешавад. Пешвои миллат санаи 26 апрели соли 2013 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд: “Мо-тоҷикон таърихи куҳану фарҳанги пурғановат дорем ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор мекунем. Вале, мутаассифона, ашхосе низ ҳастанд, ки ё бо сабаби маълумоти кофӣ надоштан ё огоҳона аз тариқи расонаҳои хабарӣ расму ойин ва суннатҳои волои миллии моро нодида мегиранд ё таҳти шубҳа қарор медиҳанд. Чунончи, дар арафаи ҷашни Наврӯз баъзе сару садоҳое баланд шуданд, ки гӯё он барои мардуми мо ойини бегона аст ва аз нигоҳи дини ислом ҷашн гирифтани Наврӯз мамнуъ мебошад. Ин фикр мутлақо хатост ва барои раванди худшиносии миллӣ, ки мо мехоҳем наслҳои ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, хатари ҷиддӣ дорад. Наврӯз ҷашни мубораку ҳуҷастаи мо — тоҷикон ва тамоми мардуми ориёӣ буда, ниёгонамон барои ҳифзи расму русум ва ойинҳои неки он дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърихӣ истодагарӣ кардаанд. Аслан Наврӯз ҷашне бар мабнои низоми кайҳон аст, ба ибораи дигар расидани соату дақиқаест, ки назми кайҳон ба ҳолати эътидоли олӣ меояд ва нишонаи эҳёи табиат, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Ин кашфиёти бузург, ки маҳсули тафаккур ва мушоҳидаҳои аҷдоди хирадманди мост, беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба вуқӯъ пайвастааст. Яъне ин андешаи неку созанда се ҳазор сол пеш аз пайдоиши дини зардуштӣ ва чоруним ҳазор сол қабл аз зуҳури дини мубини ислом паҳн шудааст ва тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз дар ҳамон давраҳои бостон Наврӯз дар қаламрави 23 кишвар таҷлил мегардид. Бо дарки ин ҳақиқати мусаллам фарзандони хирадманду фарзонаи миллат барои пойдорӣ ва аз байн нарафтани Наврӯз ҷоннисорона талош кардаанд ва асолати онро ҳифз намудаанд. Яке аз онҳо фақеҳи бузурги олами ислом Имоми Аъзам мебошад, ки тавассути урф, яъне додани фатвои шаръӣ ба ислом ва суннатҳои исломӣ мухолифат надоштани расму оинҳои наврӯзиро собит намуда, ба суннатҳои наврӯзӣ заминаи ҳуқуқӣ ва умри ҷовидона бахшидааст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша бо итминони комил изҳор медорем, ки Наврӯз ба ягон дин иртибот надорад ва дар айни замон ба ягон дину мазҳаб мухолиф нест”.

Фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, боз ҳам бештар вусъат бахшидани он дар назар дошта шудааст.  Доир ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22.12.2017 чунин оварда шудааст: “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21.12.2021 дар Паём ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон махсусан қайд намуданд, ки “Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид, ки: “Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо–ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад. Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад”.

Чуноне ки коршинос Зафари Мирзоён қайд менамоянд: “Пешвои миллат шоистагии ин ҷашнҳоро донистаанд, ки гузаштагони дури мо худро “озодагон” ва “деҳқонон” меномиданд ва ин номҳо ишора бар он дошт, ки онҳо дар қиёс бо мардуми хайманишин, рамагарду ғорнишину ҷангалиён, инсонҳои нахустине буданд ба кишоварзӣ, зиндагии бумӣ ва деҳнишиниву шаҳрсозӣ пардохтаанд. Ин аст, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикони бостон намоди такрори замон, бозовардани фаслҳо ба табиат, боззоии замин, гардишу тобиши офтоб пайванданд; ҷашни Сада ба нерумандии офтоб, ҷашни Меҳргон ба таодули поизии (баробарии тирамоҳии) шабу рӯз, ҷамъоварии самари кишти замин ва ҷашни Наврӯз ба таодули баҳории (баробарии баҳории) шабу рӯз, гиромидошти обҳои зинда ва кишти замин мебошанд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохти ҷашнҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар баробари арҷгузорӣ ба асолату ҳувият ва маърифати рангини ниёконамон, ойинҳои ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабори Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон дониста, дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” чунин овардааст: «Воқеан, агар пазироии Наврӯз, Меҳргон ва Сада бурду бохтҳои роҳи паймуда ва ҷанбаҳои иҷтимоиву фарҳангии онро мавриди баррасӣ қарор диҳем, беихтиёр мебинем, ки ин оинҳои маросимӣ чун рамзи ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабор дар тӯли ҳазорсолаҳо бо симои хос идома дошта, дар тӯли давлату давлатдориҳои мухталиф бидуни аз даст додани асолату ҳувияти аслии худ таҳаввулу ташаккул ёфта, то ба имрӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар байни кулли ориёитаборон ва ҳудудҳои паҳновари Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он ҷашн гирифта мешавад. Ин расму оини куҳан, бешубҳа, яке аз ҳалқаҳои пайванди занҷири ногусастании миллатҳои ҳамнажод, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги ориёӣ мебошад. Мо тоҷикон, онро дар сатҳи давлатдорӣ бо шукӯҳу азамати хосса таҷлил намуда, бо тору пуди ногусастании ин ҷашнҳои безавол ормонҳои волою хуҷастаи зиндагии гузашта, имрӯз ва ояндаро бо ҳам пайванд мезанем”.

САЙДАҲМАДЗОДА Д.,

директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Аксҳо

Похожие записи