МИЗИ МУДАВВАРИ МУШТАРАК: “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!”

000_4799

Бо ташаббуси маҳфили илмии “Сиёсатшиносони ҷавон”-и донишҷӯён ва магистрантони назди кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунии факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии декани факултет н.и.ҳ., дотсент Соибов З. М. бахшида ба солгарди навбатии Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” дар Академияи вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари муштараки курсантони Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракуни давлатии назди Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

 

Сардори Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Файзалӣ маҳфилро оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

 

Дар чорабинии илми-амалӣ устодон ва донишҷӯёни ҳар ду Академия фаъолона иштирок намуданд.

 

Дар ҷараёни мизи мудаввар устодон Имомёрбеков Атобек — дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ, н.и.т. дар мавзӯи “Саҳми тоҷикон дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, Ғафурзода Кибирё — муаллими калони кафедраи забонҳои Академияи вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши зан дар Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, Бойзода Ҷумахон Ҷумаъ — дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи “Саҳми кормандони милитсияи тоҷик дар Ғалаба бар фашизм (1941-1945): намунаи қаҳрамононаи тарбияи ватандўстӣ” бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуд.

 

Зикр гардид, ки ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бесарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд.

 

Ҳамзамон, маърузаҳои донишҷӯён дар мавзӯъҳои “Вазъи геополитикии ҷаҳон дар даҳаи 30 ва 40-уми асри ХХ”, “Ҷанги дуюми ҷаҳон: сабаб ва оқибатҳои он”, “Конференсияи байналмилалии Қрим ва низоми нави сиёсии ҷаҳон”, “Роль Таджикиской Социалистической Республики в Великой отечественой войне”, “Рӯзи Ғалаба — нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагӣ”, “Нақши Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар масири таърих”, “Почтение памяти войни в период Государственный независимости” шунида шуд.

 

Насли ҷавон иброз доштанд, ки мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

 

Маҳфил судманду хотирмон сурат гирифта, бо арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои иштирокчиёни ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ анҷом ёфт.

 

Похожие записи