БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ МУКОЛАМА ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АКАДЕМИЯҲОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ҚАФҚОЗИ ҶАНУБӢ ВА АВРУПОИ ШАРҚӢ ДАР АИДПҶТ

28

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хамкориҳо бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) Форуми муколама оид ба ҳамкориҳои байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ ректорони академияҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои Гурҷистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Украина, Ӯзбекистон, намояндагони Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ва Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Дар қисмати ифтитоҳии Форум ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн ва роҳбари лоиҳаи “Мусоидат барои давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” (GIZ) — д.и.ҳ. Йорг Пуделка иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Зимни суханронӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз дошт, ки татбиқи ислоҳот ва рушди низоми хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ин масъала дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз соли 2008 ба таври махсус таъкид шуда буд, ки мо бояд диққати худро ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва бомаърифат бо ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ ва сиёсӣ, малакаи ташкилотчигӣ ва салоҳиятнокиву идоракунӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстӣ бо фарогирии донишу забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир бештар равона намоем: “Маҳз ҳамин нишондоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои минбаъда барои муассисаҳои соҳавӣ ва махсусан дар солҳои ахир дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳаки асосии фаъолияти ҳайати кормандону омӯзгорони он гардид.

 

Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба тайёр кардани мухтахассисони баландихтисоси дорои қобилияти баланди баррасии масъалаҳои мураккаб дар муносибатҳои иҷтимоӣ талабот беш аз пеш меафзояд. Ҳамзамон равандҳои ҷаҳонишавӣ дар як вақт яксонсозии  талаботро барои мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ дар ҳама зинаву мартабаҳои идоракунии давлатӣ тақозо мекунанд. Маҳз барои ҳамин усулҳое, ки барои тайёр кардани мутахассисони самти хизмати давлатӣ дар кишварҳои хориҷӣ бомуваффақият татбиқ карда мешаванд, барои мо низ метавонад бо назардошти меъёрҳои миллӣ ва талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар мутобиқ карда шаванд,” — зимни суханронӣ иброз дошт ректори Академия.

 

Дар доираи форум миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расид.

 

Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар 7 давра сурат мегирад. Дар давраҳои форум аз ҷумла, академияҳои маъмурии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина муаррифӣ гардида, мавзӯъҳои “Омӯзиши қонунгузории маъмурӣ ва мурофиавӣ”, “Усулҳои фаъолсозӣ ва интерактивии таълим дар фаъолияти маърифатии хизматчиёни давлатӣ”, “Идоракунии стратегии академияҳои идоракунии давлатӣ: имконият ва мушкилот”, “Таҳсилоти муосир ва омодакунии кадрҳо дар самти хизмати давлатӣ: барномаҳое, ки бояд ба барномаи таълимӣ дохил гардад”, гурӯҳҳои кории имконпазир ва лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, “Ҳамкории байналмилалии академияҳои идоракунии давлатӣ: мавзӯъҳо, шаклҳо, иштирокчиён” аз ҷониби маърузачиён ва иштирокдорон мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода мешаванд.

 

Дар маҷмӯъ, дар доираи форум масъалаҳои мубрами баланд бардоштани сифати таълиму таҳқиқ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт заминаҳои устувор гузошта хоҳад шуд.

 

Дар фарҷоми Форум “Эъломияи Душанбе дар бораи ҳамкориҳои байналмилалии академияҳои идоракунии давлатӣ” ва “Эъломия дар бораи ҳадафи таъсиси Ассотсиатсияи академияҳои идоракунии давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ба имзо хоҳанд расид.

Похожие записи