ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ҲАМАҶОНИБАИ ТОҶИКИСТОН УЗБЕКИСТОН
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар раванди ҷаҳонишавии замони муосир ҳодисаву воқеаҳо зуд тағйир меёбанд ва пешгӯӣ намудани равандҳои нави ҷаҳони муосир душвор мегардад. Ин хусусият ба рушди технология, пайдоиши воситаҳои нави иттилоърасонӣ, зуҳури гурӯҳҳои нави даҳшатафкан ва ба таври чашмгир тағйир ёфтани мавқеи давлатҳои абарқудрат, инчунин пайдоиши қутбҳои нави ҷаҳонӣ ва тақсими нави ҷаҳони муосир бастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, доман паҳн кардани ифротгароӣ бо тамоми зуҳуроташ, ташаннуҷи вазъи сиёсии давлати ҳамҷавори Афғонистон, пешгирии нақшаҳои касифи нируҳои фурсатталаб ва мазҳабгаро барои бесуботии вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ, бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои бузург, амсоли Русия, Амрико ва Чин, роҳандозии набардҳои расонаӣ барои тақсими захираҳои иқтисодии минтақа, махсусан захираҳои обӣ, ба таври маснӯӣ зуҳур намудани «терроризми обӣ» сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳушмандии сиёсӣ, зиракии идеологӣ ва ҳамбастагии иқтисодиву ҳамрайъии ақидавӣ водор медорад. Дар минтақа беш аз 60 миллион нафар аҳолӣ истиқомат дорад ва он аз лиҳози захираҳои табиӣ бой аст. Шояд минтақаи мазкур аз маконе маҳсуб шавад, ки ҳанӯз сарватҳои табииаш дастнахӯрда ҳастанд. Ҳамчунин минтақа яке аз мавзеъҳои дорои захираҳои зиёди об ба ҳисоб меравад. Эҳтимоли баланди шиддат гирифтани низоъҳои нав дар ин замина ҳанӯз аз байн нарафтаанд, чаро ки тақсими захираҳои обӣ дар қарни ХХ1 ба масъалаи умдаи башарият табдил меёбад ва тибқи таҳлилҳои олимон дар ҷаҳон дар 50 соли охир 507 муноқиша маҳз бо сабаби дастрасӣ ба об рух дода, 21-тои онҳо ба задухӯрдҳои рӯйирости ҳарбӣ оварда расонидаанд.
Бо дарки ҳамин омилҳо дар муносибатҳои сиёсии давлатҳои минтақа «ҷаҳиши бузург» ба вуҷуд омад, ки амсолашро дар гарм шудани муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таври чашмгир ва беназир мушоҳида менамоем.
Аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соли 2018 ба Тоҷикистон равобити ду кишвари ҳамҷавор ва дӯстро воқеан ба савияи сифатан нав ворид намуд. Бо ин сафар дар муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид. Президентҳои ду кишвар бо имзои асноди расмӣ ба ҳамкориҳои минбаъда роҳ кушоданд, вале муҳимаш он аст, ки пеш аз ҳама «дипломатияи мардумӣ» бештар коргир ва дар амри роҳандозии ҳамкориҳои тарафайн аз ҳама фаъол шуд. Фаъолияти «дипломатияи мардумӣ»- ро дар ифтитоҳи нуқтаҳои сарҳадӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи дӯстона бо иштироки намояндагони расмӣ ва инчунин сокинони минтақаҳои сарҳадии ду давлат мушоҳида кардан мумкин буд. Пазироии самимона, ибрози ҳамраъйӣ аз гармии муносибот, ҳамоиши дастгирии сиёсати созандаи раисони ҷумҳури ҳарду давлат ҷиҳати роҳандозии муносиботи ҳасана ба ин далолат менамояд.
Дар Осиёи Марказӣ дӯстии ҳеҷ миллате ба монанди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек сидқан барқарор набудааст. Ин ду халқро шароити табиии ҳамзистӣ ба ҳам қарин намудааст. Мардуми тоҷик ва ӯзбек аз қадимулайём дар ҳамбастагӣ умр ба сар бурда, дар дарозои таърих шебу фарози таърихро бо ҳам дидаанд. Онҳо ба мисли гӯшту нохун ба ҳам тавъаманд, урфу одат, расму ойин ва анъанаҳои ба ҳам шабеҳи таърихӣ онҳоро наздиктар менамояд.
Бо дарки ҳамин матлаб бо азму ирода ва матонату шуҷоати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар як муддати кӯтоҳ робитаҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шуд. Санадҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ду соли охир додугирифти мол миёни ду кишвари ҳамсоя 182 дарсад зиёд шудааст. Агар дар соли 2015 додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон наздики 15 миллион доллар буд, дар соли гузашта ин рақам ба беш аз 126 миллион доллар расидааст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки муносибати хуби Тоҷикистон бо Ӯзбекистон барои мардуми одии ду кишвар фоидаовар хоҳад буд. Агар фоидаи равобити Тоҷикистону Чин ба доираи маҳдуди тоҷирон анҷом шавад, аз равобити хуби Душанбеву Тошканд пеш аз ҳама мардуми одӣ суд мебардоранд ва маблағи ҳангуфт ба даст хоҳад омад.
Изҳороти муштараки президентҳои ду кишвар, ки аз 18 банд иборат аст, итминони сокинони ду кишвари ҳамҷавор ва дӯстро барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар ҳамаи соҳаҳо бештар менамояд. Мутобиқи бандҳои 7 ва 8 тарафҳо ҷиҳати эҷоди шароити муносиб дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ, табодули сафарҳои пажӯҳишгарон, мутахассисон, кадрҳои профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, инчунин мубодилаи маълумот оид ба эътирофи мутақобилаи санадҳо доир ба тахассус-квалификатсия ва унвонҳои илмӣ ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин тарафҳо минбаъд низ барои фаъолияти марказҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду давлат бо мақсади ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанг ва расму анъанаҳо шароити мусоидро фароҳам оварда,ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони як давлат, ки дар қаламрави давлати дигар қарор доранд, чораандешӣ карда шуд. Минбаъд дар равобити илмиву донишгоҳӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тарбияи мутахассисон, сафари пажӯҳишгарон ба марказҳои илмиву таълимии ҳамдигар низ дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи нав дар равобити тарафайн оғоз шуд, ки он пеш аз ҳама барои рафтуомади бемамониати сокинони ду кишвар, афзоиши табодули молу савдо, рушди сайёҳӣ, густариши муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёрмандӣ мекунад.
Аз ҷониби дигар, ба ҳам гиреҳ хӯрдани “дипломатияи сиёсӣ”ва “дипломатияи мардумӣ” собит кард, ки дар сурати ҳамраъй будани роҳбарон бо мардум соири масоили мушкили ҳалталаб ба таври чашмгир ҳал хоҳад шуд. Ин ҳам барои сиёсати ҷаҳони муосир таҷрибаи нодир аст, ки минбаъд мавриди истифода қарор додани он ба нафъи башарият хизмат хоҳад кард.
Иқдоми Президентҳои ду кишвар дар роҳи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ, расидан ба зиндагонии шоистаи сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беназир аст, ҳамто надорад, боиси дастгириву таҳсин аст ва бояд ҳамагон онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро дӯстии халқҳои тоҷик ва ӯзбек амсоли партави хуршеди тобон аст, ки ҳеҷ абри тирае пеши онро гирифта наметавонад.
Дӯстӣ мафҳуми муқаддас аст, он завол надорад, фанонопазир аст, шояд дар марҳилае камранг гардад, вале бо пайдо шудани давраи муносиб дубора таҳкиму тақвият меёбад ва дӯстӣ ба мардум бахту саодат меорад, аз самараи он коми башарият ширин мешавад, зиндагонӣ пурфараҳ ва ҳаёт осуда мегардад, аз ин рӯ, эҳёи муҷаддади робитаҳои дӯстонаи байни ду миллат кори инсонҳои бузургу бошараф ва оқилу ғамхор аст. Пояндагии дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек бояд шиори ҳамешагии сокинони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бошад.
Мавҷуда ИМОМНАЗАРОВА,
муаллимаи калони кафедраи фалсафа
ва илмҳои гуманитарии Академия